Олимҷон Маҳмудович Алиев — олим, иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2012), дотсент.

Олимҷон Алиев
Алиев Олимҷон Маҳмудович
Таърихи таваллуд 19 феврал 1983(1983-02-19) (41 сол)
Зодгоҳ шаҳри Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёти минтақа, бехатарии озуқаворӣ, таҳлили иқтисодӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод (2012)
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000-2005)
Роҳбари илмӣ Уроқов Дустмурод

Зиндагинома

вироиш

Олимҷон Маҳмудович Алиев 19 феврали соли 1983 дар деҳаи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2000-ум мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Ҳисорро хатм намуда, соли 2005 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси “Молия ва қарз” хатм кардааст. Соли 2005 фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намудаст. Солҳои 2014-2015 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дар вазифаи мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, соли 2015 то 2019 мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат, соли 2019 декани факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то инҷониб дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Солҳои 2006-2010 аспиранти ғоибонаи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯъи “Роҳҳои худтаъминкунии устувори минтақа бо озуқаворӣ (дар мисоли Тоҷикистони марказӣ)” ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ гаштааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили худтаъминкунии озуқаворӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ӯ аввалин маротиба механизми бозориро барои расидан ба дастрасии иқтисодии озуқаворӣ дар асоси ташаккули шабакаҳои бозорҳои озуқавории минтақавӣ, ки арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзиро аз майдони полезӣ то ба истеъмолкунанда расониданро коҳиш медиҳад, коркард кардааст. Ӯ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии хеш дар заминаи истифодаи тамсилаи консептуалӣ асоснок кардааст, ки низоми худтаъминкунии озуқаворӣ дар минтақа бояд аввалиндараҷа бошад ва аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои худии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва маводи хӯрокворӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин ҷиҳати расидан ба худтаъминкунии озуқаворӣ дар минтақа як қатор тавсияву пешниҳодотро доир ба дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ пешниҳод намудааст.

Олимҷон Маҳмудович муаллифи бештар аз 40 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 монография ва 2 дастури таълимӣ мебошад.

  1. Проблемы регионального продовольственного обеспечения Республики Таджикистан: Монография / Д.У. Ураков, О.М. Алиев. Душанбе:ИРФОН,2011.– 120 с.
  2. Таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхона: Дастури таълимӣ / Барфиев Қ.Х., Тоҳирова Р.С., Мирзохонов С.О., Алиев О.М. - Душанбе:ИРФОН,2014.-332с.
  3. Таҳлили ҳисоботи молиявӣ: Дастури таълимӣ / Ойев Н.А., Алиев О.М., Бобиев И.А., Каримов Б.Ҳ. - Душанбе:ИРФОН,2015. –234с.
  4. Проблемы продовольственного самообеспечения региона как основа устойчивого развития: Монография / О.М. Алиев. – Душанбе:ИРФОН, 2018. – 177с.
  5. Таҳлили идоракунӣ: Китоби дарсӣ / Хушвахтзода Қ.Х., Мирзохонов, С.О., Алиев О.М. - Душанбе: АДИБ,2022. – 312с.

Пайвандҳо

вироиш