Омина бинти Ваҳб (ар. آمنة بنت وهب‎, асри VI, эҳтимол Ясриб, ҳоз. Мадина, Арабистони Саудӣ — 577, ал-Абва, ҳамон ҷо) — ҳамсари Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ва модари паёмбар Муҳаммад (с) [5] .

Омина бинти Ваҳб
араб. ар. آمنة بنت وهب
ар. آمنة بنت وهب بن عبد مناف[1]
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: шоир
Таърихи таваллуд: 549
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 575[1]
Маҳалли даргузашт:
Падар: Wahb ibn 'Abd Manaf[d]
Модар: Barrah bint Abdul Uzza[d]
Ҳамсар Абдуллоҳ ибни Абдулмуттолиб[3][4]
Фарзандон: Муҳаммад

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Омина бинти Ваҳб аз хонаводаи бонуфуз ва қабилаи Қурайш буд. Вай духтари Ваҳб ибни Абдулманоф, пешвои қавми Зуҳро, қабилаи Қурайш ва Барра бинти Абдулуззо аз қабилаи Абдулдар буд. Санаи дақиқи таваллуди Омина маълум нест [6] .

Ибни Саъд хабар медиҳад, ки ӯро амакаш Вуҳайб ибни Абдуманоф нигоҳубин мекард, ва ӯро ба Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ва духтари худро ба Абдулмутталиб дод. Агар ин хабар дуруст бошад, пас ин метавонад як навъ одати фаромӯшшудаи издивоҷи пеш аз ислом бошад [7] .

Вақте ки Амина ҳанӯз ҳомиладор буд, шавҳараш Абдуллоҳ ба Сурия рафт, вале чун ба Ясриб расид, вафот кард [8]. Тибқи суннати исломӣ, ҳангоми ҳомиладорӣ нуреро дид, ки аз ӯ меояд, ки қасрҳои Бусро дар Сурия равшан мекард [7] .

Пас аз ду моҳи марги Абдуллоҳ Омина писаре ба дунё омад, ки Муҳаммад ном дошт. Тибқи ривояте, ки дар он замон дар байни қурайш вуҷуд дошт, Муҳаммади хурдакакро ба бадавиён аз қабилаи Бани Саъд доданд, то ба воя расад. Дар биёбон мондан ба кӯдак имкон дод, ки забони арабӣ ва анъанаҳои арабиро омӯзад. Муҳаммадро Ҳалима бинти Абу Зуайб нигоҳубин мекард.

Ваҳте Муаммад 5 сола буд Омина ӯро ба наздаш гирифт. Тақрибан соли 577 ӯ ва писараш тасмим гирифтанд, ки ба Ясриб бираванд, то хешовандон ва қабри Абдуллоҳро зиёрат кунанд. Пас аз тақрибан як моҳ дар шаҳр мондан, онҳо ба сӯи Макка баргаштанд. Дар роҳ Омина сахт бемор шуд ва дар деҳаи ал-Абво байни Ясриб ва Макка вафот кард [6] .

Соли 1998 мақомоти Саудӣ қабри Амина бинти Ваҳбро, ки боқимондаҳояш дубора ба хок супурда шуданд, тахриб карданд [9]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 1. — С. 26.
  2. https://islamansiklopedisi.org.tr/ebva
  3. Али-заде А. Абдуллах ибн Абд аль-Мутталиб (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8
  4. Али-заде А. Амина бинт Вахб (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8
  5. Cook, Michael. Muhammad. — New York: Oxford University Press, 1983. — ISBN 0-19-287605-8.
  6. 6.0 6.1 Али-заде, 2007.
  7. 7.0 7.1 Watt, W. Montgomery, 1986.
  8. Armstrong, Karen. Muhammad: A Biography of the Prophet. — San Francisco: HarperSanFrancisco, 1993. — ISBN 0-06-250886-5.
  9. Гашков И. Мавзолей Мухаммеда обещают не сносить. Независимая газета (17 сентябри 2014). 11 Декабри 2016 санҷида шуд.

Пайвандҳо вироиш

  • Али-заде А. А. Амина бинт Вахб // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
  • Āmina / Watt, W. Montgomery // Encyclopaedia of Islam. 2 ed : [англ.]. — Leiden : E.J. Brill, 1986. — Т. 1. — P. 438. (платн.)