Омод
Омод (форсӣ: آماد) — 1. маҷмуъае аз чораҳо барои таъмини ниёзи нерӯҳо ба афзоргон, таробарӣ, хӯрок, пӯшок ва дигар пешниёзҳо ба манзури нигаҳдошти омодагии размӣ ва тавоноии онҳо барои анҷоми маъмуриятҳо ва вазоифи ҳаррӯзаашон аз роҳи тарроҳӣ, тавсеъа, фароҳамсозӣ, анбориш, интиқол ва тавзеъи маводу колоҳо, ҷобаҷоӣ, тахлия ва бистарӣ кардани нерӯҳо дар сурати лузум; 2. фароҳамсозӣ, сохту нигаҳдорӣ ва ҷобаҷоии таҷҳизот ва хадамотрасонӣ дар заминаҳои моддӣ, таробарӣ, муҳандисии фурудгоҳӣ, фаннӣ-ҳавопаймоӣ, пизишкӣ, домпизишкӣ, хариду фурӯш, хонаву иқомат ва дороӣ[1].
Омодгоҳ (форсӣ: آمادگاه) — созмоне дар артиш, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.
- ↑ Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. — ҷ. 1, с. 91. — ISBN: 978-964-8637-92-2