Ордени Дӯстӣ
Ордени Дӯстӣ — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми арзандаи шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд[1].
Кишвар | |
---|---|
Дараҷаи болотар | Ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» |
Дараҷаи пойинтар | Ордени Спитамен |
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо | Гурӯҳ:Дорандагони ордени Дӯстӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ордени Дӯстӣ бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Моддаи 14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.