Орифҷон Бобоҷонов (1931, деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанд) — зоотехник, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966), Зоотехники хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1957).

Орифҷон Бобоҷонов
Таърихи таваллуд 1931(1931)
Зодгоҳ деҳаи Шайхбурҳон, ноҳияи Хуҷанд
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1966
Ордени Ленин

Зиндагинома

вироиш

Техникуми кишоварзии Хуҷанд (1950) ва Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро (1955) хатм кардааст. Солҳои 1955—1970 сарзоотехник ва солҳои 1970—1991 мудири фермаи чорвопарварии хоҷагии ба номи С. Урунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд. Аз соли 1991 нафақагири шахсӣ. Орифҷон Бобоҷонов дар рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани истеҳсол ва фурӯши гӯшт, шир пашм, тухм ва диг. маҳсулоти чорво комёбиҳо ба даст овардааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Ленин, медалҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Сарчашма

вироиш