Ориф Ашӯрӣ Хоҷазода (Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, тав. 31 марти соли 1970) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Кумитаи далатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сайт president.tj

Зиндагинома

вироиш

Ориф Хоҷазода 31 марти соли 1970 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ва соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро аз рӯйи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст. Солҳои 1993-2015 дар вазифаҳои таъминтчии ЧФ МММ-ШИК, ёрдамчии Раиси шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якуми Кумитаи захира ва танзими замини шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якум ва сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Спитамен, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Қайроққум, муовини аввали раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд ва Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд кор кардааст. Аз соли 2015 то 2016 дар вазифаи Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2019 муовини Раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2019 Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.[1]

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.[2]

Нигаред низ

вироиш