Оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон
Оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон — коллективи эҷодии навозандагонест, ки соли 1965 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтааст (роҳбари бадеӣ ва сардирижёр Ю. Евсеев буд). Оркестр дар ташвиқу тарғиби асарҳои композиторони классики ҷаҳон, рус, шӯравӣ ва тоҷик ҳиссагузор аст. Дар барномаҳои Оркестр асарҳои Л. Бетховен (симфонияи 3 ва 5), П. И. Чайковский (симфонияҳои 1, 4, 6), Н. Римский-Корсаков (сюитаи симфонии «Шаҳрзод»), Д. Шостакович (симфонияи 5) ва ғ мавқеи намоён доштанд. Асарҳои композиторони тоҷик З. Шаҳидӣ (симфонияи «мақом»), Ш. Сайфиддинов (достони симфонии «Қишлоқи тилоӣ»), А. Одинаев (Ленин дар Помир), Ф. Баҳор («Мароқанд»), Х. Абдуллоев (навоҳои рақсӣ), Қ. Яҳёев (симфония бахшида ба Т. Лолаев), Я. Сабзанов (достони симфонии «Рӯдакӣ») ва ғ. дар иҷрои дастаи навозандагони О. муваффақият пайдо кардааст. Дар ҳайати эҷодии О. беҳтарин навозандагони ҷумҳурӣ шомил буданд. Инҳо М. Биргер (скрипка), У. Ҳомидов (гобой), Г. Дудкин (валторна), А. Поле (алт), М. Саидқулов (труба), А. Юсуфов (флейта) аз ҷумлаи онҳоянд. То январи 1988 ҳайати Оркестр аз 65 нафар навозандагон иборат буд. Роҳбарони бадеӣ ва сардирижёрони он-И. Ф. Ковалов, У. Мадёров буданд. Кострин В. аз соли 1983 то воқеаҳои с.-и 90-ум, то пош хӯрдани О. онро роҳбарӣ кард. Ҳайати эҷодии Оркестр ба бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он сафарҳои ҳунарӣ карда буд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.292. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)