Оркестри созҳои халқии тоҷикӣ

(Тағйири масир аз Оркестри созҳои миллӣ)

Оркестри созҳои халқии тоҷикӣ ё Оркестри халқии тоҷикӣ — коллективи сершумори мусиқанавози созҳои халқии тоҷикӣ.

Таърих

вироиш

Оркестри созҳои халқӣ соли 1938 дар назди Театри академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ бо ҳайати начандон калон таъсис ёфта, соли 1947 ҳамчун Оркестри созҳои халқии тоҷикӣ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад. С.-и 1962 оркестр дар назди Кумитаи давлатии телевизион ва радио ба кор шурӯъ намуд. Солҳои дар назди Кумита буданаш О. ниҳоят сермаҳсул буд: асарҳои тозаэҷоди композиторонро дар фонди Радио сабт намуда, бо барномаҳои ҷолиб дар назди тамошобинон зуд-зуд ба воситаи телевизион баромад мекард. Соли 1997 (бори дуюм) Оркестри созҳои халқии тоҷикӣ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузаронида шуд. Ҳоло (2016) ҳайати оркестр қариб ба 40 нафар мерасад, соли 1988 бошад, ҳайати он қариб 60 нафар буд. Асосгузор ва ташкилкунандаи оркестр композиторон А. Ленский (роҳбари бадеӣ) ва А. Камолов (дирижёр) буданд. Композиторон ва дирижёрон дар солҳои гуногун оркестрро роҳбарӣ намудаанд: А. Ленский ва А. Камолов солҳои дар оркестр фаъолият намуданашон кӯшиш ба харҷ додаанд, то ки ҳайати онро пурра созанд; Ш. Бобокалонов, ки як муддати кӯтоҳ роҳбар буд, сози ғижаки алтро ба гурӯҳи созҳои тории камончадор ворид сохт; солҳои У. Мадёров (1995-1961) роҳбари бадеӣ ва сардирижёри оркестр буданаш, суруду навоҳои халқиро барои оркестр такмил дода, муддати 2 моҳ бо ин коллектив дар вилоятҳои Русия бо барномаи рангин бо консертҳо баромад кардааст; А. Ҳамдамов, ки чанд муддат дар оркестр дирижёри навбатӣ шуда кор мекард, С.-ҳои 1961-1978 роҳбарии бадеӣ ва сардирижёрии оркестрро ба уҳда дошт ва дар тӯли ин солҳо асарҳои тозаэҷодкардаи композиторонро дар Фонди Радио сабт намуд; С. Ҳамроев, ки солҳои 1979-1984 роҳбари бадеӣ ва сардирижёри оркестр буд, кушиш ба харҷ додааст, то ки созҳои халқии дар оркестр набударо аз қабили дутор, танбӯр, сато ва ғайри тоҷикиро аз қабили флейта ва кларнетро дар асарҳояш бисёр моҳирона истифода барад. Ҳамчунин ӯ ба ҳам пайвастани регистру тембри созҳоро дар асарҳояш хеле хуб ба кор бурдааст. Бо ин кораш С. Ҳамроев садодиҳии оркестрро сифатан бою рангинтар сохтааст; дирижёри боистеъдод Д. Қурбонов фаъолияташро дар оркестри мазкур ҳамчун ғижакнавози ин даста оғоз карда, аз соли 1977 вазифаи дирижёри навбатиро адо мекард ва Солҳои 1982-1988 ба вазифаи роҳбари бадеӣ ва сардирижёр таъйин шуд. Ӯ таи чанд сол дар кораш таваққуф кард ва дуюмбора, аз соли 2009 дар вазифаи сардирижёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев то имрӯз адои вазифа мекунад. Д. Қурбонов дар тули ин солҳо асарҳои зиёди гуногунҳаҷму гуногунжанрро барои О. табдилу таҳия намуда, репертуари онро мунтазам наву рангин месозад. Дар ин қатор З. Нишонов, Ҳ. Пиров, Ф. Солиев, Ҷ. Обидпур (Обидов), Н. Абдуллоев, З. Зулфиқоров ва чанд тани дигар солҳои гуногун дар О. роҳбар ва дирижёр шуда кор кардаанду саҳми худро гузоштаанд. Мас., З. Нишонов барои оркестр як миқдор асар эҷод намудааст, Ҷ. Обидпур зиёда аз 100 асари гуногунҳаҷми композиторонро барои оркестр таҳияву табдил додааст. Бо оркестри созҳои халқии тоҷикӣ овозхонони маъруф ва навозандагони чиррадаст баромад карда, асарҳои иҷрокардаашонро дар Фонди тилоии Радио сабт намудаанд. Овозхонон: Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Бурҳон Маҳмадқулов, Акбар Мирраҷабов, Содиқ Нуруллоев ва ғ. Якканавозон: Турсун Улмасов (чанг), Бақоҷон Ҳабибов (ғижак), Мустафо Муртазоев (рубоби қошғарӣ), Михаил Фузайлов (дунай), Яша Бободӯстов (рубоби қошғарӣ), Абдулмаҷид Юсупов (рубоби прима), Ҳамдам Миралиев (рубоби қошғарӣ) ва ғ.[1]

Гурӯҳи асосии оркестр

вироиш

Оркестри созҳои халқии тоҷикии ҳозира аз 5 гурӯҳи асосӣ иборат аст. Аз рӯи партитура: созҳои нафасӣ (найи хурд, найҳо, сурнайҳо, дунайҳо), одатан ҳар кадоми аз ин созҳо навозиши (партияи) мустақили худро доранд ва дар оркестр садодиҳии регистри овозҳои баландро таъмин менамоянд; ба гурӯҳи созҳои тории зарбӣ (чангҳо, чанги бас) дохил мешаванд, ки садои пурқуввату ҷарангосӣ дошта, аз ҷиҳати техникӣ хеле пешрафтаанд; созҳои тории мизробӣ (рубобҳои прима, қошғарӣ, бадахшонӣ, дуторҳо, дуторҳои бас, контрабас) регистри пурраи садодиҳии Оркестрро аз регистри паст (дутори контрабас) то регистри баландро (рубоби прима) фаро мегиранд; ба гурӯҳи созҳои зарбӣ (нағораҳо, дойра, таблак, сегӯша, дафча ва ғайра) дохил мешаванд ва вазифаи асосии онҳо нигоҳ доштани ҳаракатҳои ритмӣ мебошанд; ба гурӯҳи созҳои тории камончадор (ғижакҳо, ғижакҳои алт, бас, контрабас) дохил мешаванд ва ин гурӯҳ (мисли квинтети оркестри симфонӣ) пояи оркестро ташкил медиҳад. Гурӯҳи тории камончадор бо садои фораму дилнишин, имкониятҳои динамикӣ (серҳаракатӣ) ва тарзу услубҳои (штрихҳо) бояшон садои умумии оркестрро рангинтар месозанд. Партияи созҳои якканавозӣ, ҳофизон дар партитура аз аз болои созҳои тории камончадор навишта мешаванд.

Саҳми композиторони тоҷик барои оркестр

вироиш

Композиторони тоҷик барои оркестри созҳои халқии тоҷикӣ асарҳои зиёд дар жанрҳои гуногун эҷод намудаанд, ки репертуари онро ғанӣ ва рангоранг сохтаанд. Аз ҷумла, асарҳои калонҳаҷм: Консерт барои ғижжак ва оркестри Д. Дустмуҳаммадов, Консерт барои рубоби қошғарӣ ва оркестри М. Атоев, Консерт барои оркестри С. Ҳамроев, Консерт барои ғижак ва оркестри А. Мусоев, Увертюраи идонаи М. Атоев, увертюраҳои «Туёна» ва «Завқи дил»-и А. Тошматов, увертюраҳои «Иди ғалаба» ва «Шодиёна»-и З. Нишонов, увертюраи «Дусти»-и Д. Дӯстмуҳаммадов; сюитаҳои № 1,2 А. Ҳамдамов, «Гулдастаи баҳори»-и А. Одинаев, 2 сюита барои оркестри Х. Абдуллоев, сюита барои оркестри Я. Сабзанов, «Сюитаи рақсии куҳистонӣ»-и С. Ҳамроев, сюита барои оркестри Ф. Солиев; «Фантазияи шарқӣ» барои оркестри С. Ҳамроев, Фантазия барои оркестри З. Нишонов, Фантазия барои рубоби қошғарӣ ва оркестри Х. Абдуллоев, Фантазияи консертӣ барои оркестри Ф. Солиев, Фантазия барои О.-и А. Ленский, Фантазия «Гулсуман» барои рубоби қошғарӣ ва оркестри Ҷ. Обидпур, К. Тушинок, Рансодия барои оркестри У. Мадёров ва ғ. Инчунин барои оркестри мазкур садҳо пиесаву сурудҳо эҷод шудаанд ва асарҳои зиёди симфониро табдил додаанд, ки дар иҷрои оркестр садо додаанду дар китобхонаи он маҳфузанд. Увертюраи операи Ж. Бизе «Кармен», порчаҳо аз сюитаи Э. Григ «Пер Гюнт», сарахбори балети П. Чайковский «Кули қувон», чанд рақс аз силсилаи «Рақсҳои венгерӣ»-и И. Брамс, Рансодияи тоҷикии Ф. Солиев, аз ҷумлаи онҳоянд.

Солҳои 1941, 1957 оркестр дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар ш. Москва ва соли 1981 дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар ш. Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо барномаҳои калони консертӣ баромад кардааст. Соли 1988 оркестр бо унвони фахрии «Коллективи Хизматнишондодаи бадеӣ» сарфароз гаштааст ва Соли 2008 ба номи композитор Амон Ҳамдамов номгузорӣ шудааст. Ҳоло оркестри созҳои халқии тоҷикӣ ин тавр ном бурда мешавад: «Коллективи Хизматнишондодаи бадеӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон- оркестри созҳои миллии ба номи А. Ҳамдамов. Дар театрҳо ва муассисаҳои таълимии оливу миёнаҳои махсус оркестрҳои гуногун амал доранд, ки ба ташвиқу тарғиби мусиқии касбӣ-бисёровозаи тоҷик мусоидат мекунанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.289-292. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)