Оркестри эстрадӣ - дар бисёр кишварҳо маъмул шудани номи оркестрест, ки мусиқии сабукро иҷро мекунад. Чунин навъи коллективҳо метавонанд гуногун бошанд: аз коллективи бузург, ки наздик ба ҳайати оркестри симфониянд (мас. Оркестри эстрадии Умумииттифоқии радио ва телевизиони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, роҳбараш Ю. Силантев), то ансамблҳои созии начандон калон (триои эстрадӣ, квартету квинтетҳо ва ғайра). Оркестри эстрадии хурд одатан, гурӯҳи созҳои нафасиро дар ҳайаташон дохил мекунанд (4-6 саксафон, 2-4 труба, 2-3 тромбон ва диг.), як даста созҳои зарбӣ, ҳамчунин контрабас, фортепиано, гитараи гавайнӣ, баъзан якчанд скрипка. Чунин ҳайати Оркестри эстрадӣ дар иҷрои мусиқии ҷазӣ зуд-зуд истифода бурда мешавад.

Барои Оркестри эстрадӣ аз тарафи композиторони ҷаҳон асарҳои зиёде таълиф шудаанд, ки композиторони тоҷик низ аз он дар канор намондаанд. «Сюитаи рақсӣ» барои Оркестри эстрадии С. Ҳамроев, «Рақси помирии №2» барои Оркестри эстрадӣ ва «Алла» барои овоз ва Оркестри эстрадии Ф. Баҳор, чанд пиесаи эстрадии З. Нишонов аз ҷумлаи онҳоянд.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.293. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)

Пайвандҳо

вироиш