Ортур Ҳорден
Ортур Ҳорден (англ. Arthur Harden; 12 октябри 1865, Манчестер, — 17 июни 1940, Борн-Энд, Бакингемшир) — зистшимидони иниглис.
Таърихи таваллуд | 12 октябр 1865[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 июн 1940[4][1][2][…] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | зистшимӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар Донишгоҳи Викторияи Манчестер (1882-86) ва Донишгоҳи Эрлангени Олмон (1887-88) таҳсил кардааст. Мудири лабораторияи кимиё ва ташхиси оби Донишгоҳи Виктория (1897—1907), роҳбари шуъбаи биокимиёи Институтипешгирии бемориҳо (1907-30), профессор Донишгоҳи Лондон (1912) буд. Оид ба ҷӯшиши спирт таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1929, ҳамроҳи Х. Эйлер-Ҳелпин, барои таҳқиқи ҷӯшиши спирт ва ферментҳое, ки дар раванди он ширкат меварзанд, сазовори мукофоти Нобел гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 4.0 4.1 Гарден Артур // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
вироиш- Гарден Артур // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.