Осиёи Миёна дар замони неолит

Неолит

вироиш

Неолит (6-2 ҳазор сол қабл аз милод). Аҳолии қадими сарзамини тоҷикон дар аввалҳои ҳазорсолаи шашуми қабл аз милод ба давраи охирин, ҷамъбасткунандаи асри санг-неолит ворид мешаванд. Дар замони неолит тағйиротҳои куллии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯй доданд. Қабилаҳо аз хоҷагидории истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанда гузаштанд. Одамони замони неолит на танҳо истеҳсоли маҳсулот, балки нигоҳдории онро низ аз худ карданд. Аз ин рӯ, олимон сохтани зарфҳои гилӣ сафолиро кашфиёти асосии ин давр меҳисобанд. Дар сохтори иxтимоии ҷамъияти неолитӣ ҷамоаҳои авлодӣ тараққӣ намуда, мустаҳкам мешавад. Аз худкунии замин ва ром кардани ҳайвонҳо ғалабаи бузурги инсон буд, ки ӯро аз таҳдиди якумраи гуруснагӣ ва марг наҷот дод. Ин равандро баъдан «инқилоби неолитӣ» номиданд.

Аввалин заминдорони Осиё Миёна

вироиш

Аввалин заминдорони Осиё Миёна намояндагони маданияти Ҷайтун дар сарзамини тоҷикон дар ҳазорсолаи шашуми қабл аз милод пайдо шуданд. Баробари қабилаҳои ҷайтунӣ ва умумияти калтаманориҳои қисми ҳамвории Осиёи Миёна дар кӯҳҳои шарқии сарзамини тоҷикон офарандагони маданияти Ҳисор зиндагӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо дар фарҳанги замони неолит нақши намоён доштанд. 22 км дуртар аз Ашқобод дар деҳаи Ҷайтун бошишгоҳи қадима ошкор карда шудааст. Деҳкадаи Ҷайтун қариб 40 бинои гилӣ дошт. Мувофиrи андозаи деҳкада дар он ҷамоаи авлодӣ зиндагӣ мекард. Девори хонаҳо баъзан бо ранги сурх ва ё сиёҳ ранг карда мешуданд. Муҳаққиқон маданияти Ҷайтунро ҳамчун аввалин маданияти деҳкадаи Осиёи Миёна меҳисобанд. Қабилаҳое, ки ба умумияти дигар тааллуr дорад, дар даштҳои Осиёи Миёна, хусусан дар воҳаи Бухоро ва канораҳои баҳри Арал ҳаёт ба сар мебурданд. Ёдгориҳои аз он боқимондаро бо номи маданияти калтаманор ёд мекунанд. Ин ёдгориҳои асосан маданияти шикорчиён ва моҳидорон буда, бо ҳамин ҷиҳат аз маданияти Ҷайтун фарқ мекунад. Дар бошишгоҳи Ҷонбозқалъа 4 манзили зисти қадими калтаманориҳо омӯхта шудааст. Ҳудуди асосии паҳншавии маданияти Ҳисориҳо ҳавзаҳои дарёҳои Яксу, Сурхоб, Вахш, Кофарниҳон, водии Ёвон ва шимоли Афғонистон буд. Дар ҷануби Тоҷикистон силсилаи ёдгориҳои маданияти Ҳисориҳои давраи неолит кашф гардидааст. Нахустин муҳаққиқи маданияти Ҳисор А. П. Окладников ҷиҳати ниҳоят фарrунандаи олоти санги ин маданиятро хотирнишон намуда буд. Кашшофи аввалини ин маданият онро неолити куҳӣ номидааст, зеро ки манбаъҳои ин маданият дар доманкӯҳҳо амал кардааст. Дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ се ёдгории замони неолит ошкор карда шудааст. Маҳалли Куй-булё дар Данғара (Окладников с. 1956-59), Туткавул ва Сайёд дар наздикии шаҳри Норак (Ранов В. А., с. 1963-65). Ба ақидаи А.П. Окладников аҳли маданияти Ҳисор аввалин барзгарони вилоятҳои кӯҳистон буда, дар баробари зироат ва чорводорӣ, шикор низ дар ҳаёти онҳо мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Дар ёдгории Тутқавул чор табақаи маскун (ду табақаи маданияти мезолитӣ ва ду табақаи маданияти Ҳисор) кашф шудааст. Дар табақаҳои маданияти Ҳисор боқимондаҳои оташдони нимдоираи аз сангчидашуда пайдо шудаанд. Аз ҳафриёти табақаи палеолити Тутқавул бештар аз 40 ҳазор бозёфтҳо пайдо шуда, қисми зиёди онҳоро табарҳои суфта, кордҳои тез, белча ташкил мекарданд. Донишмандони таърихи давраи қадимтарин ақида доранд, ки неолит замони ташаккулёбии на фақат умумиятҳои мадании таърихии Ҷайтун, Калтаманор ва Ҳисор, балки айёми ба вуҷудоии дараҷаҳои этникии ҳамном буд. Умумияти этникӣ ва мадании Калтаманор аз маданияти Ҳисори замони неолити кӯҳӣ бо мавҷудияти сафол, аз ҷумла зарфҳои нақшу нигордор, боқимондаҳои истиқоматгоҳҳо дар намуди чайлаҳо фарқият дорад. Дар иқтисодиёти калатманориҳо ғайр аз шикор ва мевағундорӣ боз моҳигирӣ низ нақши калон дошт. Ҳамин тариқ, дар замони неолит дар сарзамини тоҷикон се умумияти таърихй -маданӣ, техникӣ ва этникӣ: ҷайтунӣ, калтаманорӣ ва ҳисорӣ бо хусусиятҳои ба худ хос вуҷуд доштанд ва тараққӣ намудаанд.

Адабиёт

вироиш
  1. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1, 2. - Душанбе, 2008, 870 с.(пайванди дастнорас)