Оскар Баклунд
О́скар Андре́евич Ба́клунд (16 (28) апрел 1846, Карлстад, Шветсия — 16 (29) августи 1916, Пулково, Русия) — ахтаршиноси руси шведитабор; академик-ординарияи ахтаршиносии АИ императории Санкт-Петербург (1883), директори Саррасадхонаи ахтаршиносии Николаевск дар Пулково (1895—1916).
Johan Oskar Backlund | |
Таърихи таваллуд | 28 апрел 1846 |
Зодгоҳ | Карлстад, Швеция |
Таърихи даргузашт | 16 (29) август 1916 (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | Пулково, Российская империя |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ[1] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Hugo Gyldén[d][3] |
Ҷоизаҳо |
Медаль Кэтрин Брюс (1914) Шаблон:Золотая медаль Королевского астрономического обществаЗолотая медаль Королевского астрономического общества (1909) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Упсала (1872), ассистенти Расадхонаи Стокголм (1872–76), ахтаршинос-мушоҳидагари Расадхонаи Дерпт (1876–79), адюнкт-ахтаршиноси Расадхонаи Пулково (1879–87). Аз соли 1895 то охири умр директори Саррасадхонаи ахтаршиносии Николаевск (Пулково) буд.
Корҳо
вироишАсосан дар соҳаи механикаи осмонӣ таҳқиқот анҷом дода, ҳаракати зузанаби кӯтоҳдаври Энкеро омӯхтааст. Камшавии мунтазами даври гардиши онро дар гирди Офтоб натиҷаи муқовимати муҳити байнисайёравӣ, ки дар натиҷаи дучоршавии даврӣ бо сели шиҳобҳо ба вуҷуд меояд, маънидод намудааст. Барои хидматҳои шоистаи ӯ дар таҳқиқоти кометаи Энке АИ Петербург онро кометаи Энке–Баклунд ном ниҳод. Яке аз аввалинҳо шуда массаи нисбатан саҳеҳи Мирриху Зуҳраро муайян кард. Дар экспедитсияҳои омӯзиши гирифт (кусуф)-и Офтоб ва ченкунии дарозии камони меридиан дар ҷаз. Шпитсберген иштирок кардааст. Узви Ҷамъияти ахтаршиносии подшоҳии Лондон, узви вобастаи АИ Париж, узви ифтихории Ҷамъияти ахтаршиносии Россия ва як қатор ҷамъиятҳои дигар.
Яке аз танӯраҳои Моҳ ва сайёраи хурде ба ифтихори Баклунд номгузорӣ шудаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Johan Oskar (Oskar Andreevitj) Backlund (швед.) — 1917.
- ↑ 3.0 3.1 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
вироиш- Колчинский И. Г., Корсунь А. А., Родригес М. Г. Астрономы: Биографический справочник. — 2-е изд., перераб. и доп.. — К.: Наукова думка, 1986. — 512 с.
- О. А. Баклунд на сайте Всероссийское генеалогическое древо
Сарчашма
вироиш- Баклунд Оскар Андреевич // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.