Осорхонаи рӯзгори халқи тоҷик

Осорхонаи рӯзгори халқи тоҷик - дар Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор, дар дохили бинои Мадрасаи Кӯҳна фаъолият карда шудааст, ки аз 13 ҳуҷраи намоишӣ иборат аст. Дар мамнуъгоҳ инчунин шуъбаи фондҳо ташкил дода шуд, ки вазифааш ҷустуҷӯ ва дарёфти нигораҳои таърихӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ буд. Бо ин мақсад экспедитсияи илмӣ ташкил намуда (1981-1989), зиёда аз 18 ҳазору 387 экспонат ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз ин ҳисоб осорхона фаъолият карда истодааст.

Осорхонаи рӯзгори халқи тоҷик-ро аввал толори намоишӣ, гӯшаи расмҳои қадимаи Ҳисор бо номи «Симои Ҳисори бостон», нақшаи мамнӯъгоҳ, ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории асрҳои 1Х - ХХ ташкил медиҳанд. Дар толори дуюм намоиши осори ҳафриётӣ, истадон (а. У1 пеш аз м.), хумҳо (а. 11-1 пеш аз м.), қубурҳо (лӯлаҳои а. 11-1 пеш аз м.), пойсутунҳои давраҳои Юнону Бохтар (а. У1-1У пеш аз м.) ва давраи Кушониён, ҷому кӯзаҳо, сурмадонҳо, осорҳои фулузин (а.ХУ1-ХУ111), офтобаю ҷом, лаълиҳо, намунаи хонаи миллии мардуми тоҷик (а. ХУ111-Х1Х), ҳунарҳои гулдӯзӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, сару либоси ҳарбӣ, шамшер, ханҷар, теғ ба намоиш гузошта шудаанд. Диққати тамошобинонро, хусусан, ҳуҷраҳои навбатӣ ба худ ҷалб месозад: толори сеюм ки онҷо обҷувоз, сангҳои осиёб, ҷувозҳои калони сангин (а. Х-ХУ1); толори чорум: намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ-дастгоҳи коррезӣ, табақҳои чӯбин, сандуқ, каҷкӯли дарвешӣ (а. ХУ11), асбоби мусиқӣ (а. Х1Х), кафшҳои чӯбин (а.ХУ111); толори панҷум: намунаҳои сӯзанӣ, гулдӯзӣ, дастгоҳи ресандагӣ бо асбобаш, чарх, ҳаллоҷӣ (а. ХУ11-Х1Х), сару либос; толори шашум: осори фулузини шикорӣ, табарҳои оҳанин (а. Х), офтобаи чойҷӯшонӣ; ҳафтум: намунаҳои тобути гилини пеш аз милодии давраи Кушониён, ки аз деҳаҳои Иттифоқ ва Бӯстони ноҳияи Ҳисор ёфт шудаанд; ҳаштум: осори кулолгарӣ; нуҳум: «Чиллахона», намунаҳои ҳуҷҷатгузорӣ (а. ХУ11-Х1Х); даҳум: намунаҳои осори фулузин (а. ХУ11- ХХ); ёздаҳум: маҳсули дастони кулолгарони муосири рустои Қаратоқ (ноҳияи Турсунзода) ва ш.Конибодом; дувоздаҳум: маълумот дар бораи иштирокчиёни ҶБВ (1941-1945)-и деҳоти Ҳисор, чашмаҳои шифобахши ноҳия; сездаҳум: дастгоҳи бофандагӣ (нассоҷӣ) (а. ХУ11) ва дигар нигораҳои қадима.[1]

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 442-443