Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Конибодом

Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Конибодом — аз соли 1983 ҳамчун осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ дар ш. Конибодом ба фаъолият шурӯъ намудааст. Осорхонаи дар тӯли фаъолияти 30 солаи худ зиёда аз 6500 ашёҳои таърихиро ҷамъоварӣ намудааст, ки бештари онҳо нигораҳои соҳаи мардумшиносӣ буда, ба расму ойин, анъана, тарзи либоспӯшӣ, рӯзгордорӣ, ҳунарҳои кандакории рӯи чуб, наққошӣ, маҳсулотҳо аз чубу фулӯз мебошанд, ки аз дорои ҳунару фарҳанги таърихии бойю ғанӣ будани гузаштагони мо гувоҳӣ медиҳанд.[1]

Колексия ва экспонатҳо

вироиш

Бо саъю кӯшиши сармуҳофизи осорхона Иброҳимова Муяссара аз ҷониби шаҳрванд Акрамова 13 номгӯ ашёҳои қадима, ба монанди хуми калон, хуми хурд, дарзмоли оҳанин, зарфи кадугин, кафлези чӯбин, чилчӯб, деги нишолопазӣ ва кафгири нишологирӣ, хумча, хурмаҳои дугӯша ва чоргӯшакдор ба тариқи ройгон вориди осорхона намуда шуд. Чархи кулолии кулолгар Зиёев Маризо низ аз фарзандаш бо акс ва ҳунари дастии кулолгар ба тариқи ройгон қабул гардидааст. Бозёфти як нафар зодаи диёрамон - олими шинохта, таърихшинос Камол Абдуллоев мусаввараи «Манзараи бозори Канди бодом. Тасвири ҷараёни баркашидан ва кашонидани бодом» тақдим карда шуд. Миниатура аз матни «Бобурнома» - и шоир, нависанда, муаррих ҳокими Фарғона, Асосгузори сулолаи Муғулҳои Бузург дар Ҳиндустон, Зоҳириддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) аз тарафи рассоми ҳинд Сур Дас тақрибан соли 1598 кашида шуда, нусхаи аслиаш дар осорхонаи миллии Ҳиндустон маҳфуз аст. Ҳоло дар осорхонаи таърихии шаҳр 18 толори экспозитсионӣ: толори доимоамалкунанда, толори мусаввирон, табиат, хонаи анъанавӣ, маснуоти оҳангарӣ, сафолот, сару либос, кандакорӣ дар рӯи чуб, ҳунарҳои муосири анъанавӣ, санъат, фарзонафарзандони Қанди куҳан, тиб, иштирокчиёни ҶБВ, маориф, кӯлолгар Бобо Мавлонов, толори Истиқлолият ва кишоварзӣ фаъолият менамояд. Шумораи нигораҳои осорхона феълан ба 6571 адад расидааст, ки аз ин 4981 адад нигораҳои фонди асосӣ ва 1590 адад нигораҳои фонди ёрирасонро ташкил медиҳад. Дар экспозитсияи осорхона 2060 адад нигораҳо ба намоиш гузошта шуда ва дар фонди пӯшида 4511 адад нигораҳо маҳфузанд.[1]

Аксҳои коллексия

вироиш

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  • Осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 224 с.– Матн ба заб. тоҷ., ва русӣ.