Отто Вагнер
Отто Вагнер (олмонӣ: Otto Wagner) (30.7.1841, Пенсинг – 11.4.1918, Вена) — меъмори австриягӣ, яке аз поягузорони меъмории модерн.
олмонӣ: Otto Wagner | |
Ном ҳангоми таваллуд | олмонӣ: Otto Koloman Wagner |
Таърихи таваллуд | 13 июл 1841[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 11 апрел 1918[4][1][5][…] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | меъмор, профессор, urban planner, architectural draftsperson, устоди донишгоҳ |
Фарзанд | Otto Wagner[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор[8] |
Зиндагинома
вироишОтто Вагнер дар техникуми политехникии Вена (аз соли 1858) ва Академияи санъати тасвирии Вена (1861–63) таҳсил кард. Дар коргоҳи меъмор Генрих Фёрстер шогирд буд ва пас аз муддате ба фаъолияти мустақилона пардохт. Дар 20 соли баъд Вагнер бо сабки эклектика тарҳҳоеро аз худ ва бегонагон анҷом дод. Дар миёнаи солҳои 1890 рӯ ба сабки модерн (нигар модернизм) меорад. Бар хилофи дигар меъморони номдори модерн (В. Орта, Ч. Макинтош, Л. Кекушев) Вагнер дар ҷодаи ин сабки нав таҷрибаи кофии меъморию бинокорӣ дошт. Аз соли 1894, вақте ки барои тарҳрезии Штадтбани Вена даъват шуд, бештар ба лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ таваҷҷуҳ намуд. Солҳои 1900–08 В. барои осорхонаи шаҳри Вена пайи ҳам чаҳор лоиҳаи озмунӣ пешниҳод кард; ин намунаҳо ба ҷанҷолу бархӯрдҳои оштинопазири мактабҳои мухталифи эҷодӣ рӯ ба рӯ шуданд. Саранҷом ин бино дар даврони ҳаёти ӯ сохта нашуд; осорхонаи имрӯзаи Вена бинои кӯчакест, ки дар сабки солҳои 1960 сохта шудааст. Вижагии меъмории Вагнер дар ин давра саъйи содакориҳо дар бино буд (деворҳои ҳамвор, нимсутунҳои амудии сода), ки бо ороишоти «тилоӣ»-и вагнерӣ ва истифодаи васеи оҳани кӯфта тавъам аст.
Сохтмонҳо
вироишСохтмонҳои машҳури Вагнер: калисои Am Steinhof ва монанд ба ин бино дар Гаага, Сан-Франсиско ва шаҳрҳои дигар (1904–07), Маъбади Сулҳ дар Вена (1918). Бузургтарин биное, ки он солҳо аз рӯйи лоиҳаи В. сохта шуд, госпитале дар канораи шаҳри Вена буд (1906–10; ҳозира Otto – Wagner – Spital).
Адабиёт
вироиш- Большая советская энциклопедия. Т. 4. М., 1971;
- دانشنامۀ دانشگستر. جلد ۱۷. تهران، ۱۳۸۹ هـ. ش؛ دائرة المعارف فارسی. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Отто Вагнер // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Otto (1841-1918) Wagner (нидерл.)
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Otto Wagener Vienna 1900
- ↑ http://www.visitingvienna.com/footsteps/wagner-grave/
- ↑ https://www.moma.org/artists/6210 (ингл.)
- ↑ Вагнер, Отто (рус.) // Большая советская энциклопедия. Том 8. Буковые — Варле — 1927. — Т. 8. — С. 544.
- ↑ archINFORM (нем.) — 1994.
- ↑ Wurzbach D. C. v. Wagner, Otto (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt haben — Wien: 1856. — Vol. 52. — S. 122.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118628399 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.