Оқилхон Розии Хофӣ
Оқилхон Розии Хофӣ (форсӣ: عاقل خان رازی خوافی; 1617 — 1696) — шоир, сӯфӣ, тарҷумон, давлатмард ва таърихнигори форсизабони Ҳиндустон.
Таърихи таваллуд: | 1617 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1696 |
Зиндагинома
вироишАсли ӯ аз содоти Хофи Хуросон буд. Дар Бурҳонпур ба воя расид ва дар шумори шогирдон ва муридони Шайх Бурҳонуддин Рози Илоҳӣ ва Шайх Исо Ҷундуллоҳи Бурҳонпурӣ пайваст. Дар замони подшоҳии Аврангзеб ба унвони Оқилхон мулаққаб шуд ва ба мансабҳои гуногуни лашкарӣ ва кишварӣ, аз ҷумла ҳиҷобдории дарбори хосси шоҳ ва савбадори Деҳлӣ расид[1].
Осор
вироиш- «Маснавии Меҳру Моҳ» / «Нағмоту-л-ишқ», ки тарҷумаи манзуме аз ҳиндӣ ба форсӣ аст.
- «Маснавии мураққаъ» ба пайравӣ аз маснавии Мавлоно.
- «Воқеоти Оламгирӣ» ба форсӣ дар таърихи зиндагии Аврангзеб (Лоҳур, 1357қ).
- Девони ғазалиёт
- «Самароту-л-ҳаёт»
- «Шамъу парвона»
- «Наҳру баҳри маънавӣ»
Эзоҳ
вироиш- ↑ رازی خوافی، علی (اورنگ آباد ح ۱۰۲۶ـ۱۱۰۸ق) - ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. wikijoo.ir. 19 июни 2024 санҷида шуд.