Оҳанг (забоншиносӣ)
Оҳанг - Интонатсия (аз лот.intono-баланд талаффуз мекунам), оҳанг лаҳн. И. ду навъ аст: 1) дар ҷумла маҷмӯи воситаҳои овози забон аст, ки нутқро аз ҷиҳати фонетикӣ мураттаб месозад,таносуби маъноии қисмҳои ҷумларо устувор мекунад ва ба ҷумла тобишҳои хабарӣ, саволӣ,амрӣ ва ғ. медиҳад.Воситаҳои фонетикии И. :тақсими задаҳои таъкиди байни калимаҳо, оҳанги нутқ,истҳо(паузаҳо),суръати нутқ, тобишҳои ҳиссии тембри овоз. И. дар навишт ба воситаи аломатҳои китобатӣ ва воситаҳои графикӣ ифода меёбад;2)оҳанги нутқ, пасту баландии талаффуз дар овози садоноки алоҳида, ҳиҷо ва овози алоҳида И.-ро задаи савтӣ(оҳангӣ) меноманд. И. дар матнҳои бадеӣ аз муҳимтарин воситаҳои ифодаи маъно ва ҳис ба ҳисоб ба меравад.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |