Пабло Неруда
Пабло Неруда (тахалл.; ном ва фам. Нефтали Рикардо Рейес Басуалто; 12. 7. 1904, Парраль — 23. 9. 1973, Сантяго), шоир ва ходими ҷамъияти Чили. Аъзои Партияи коммунистии Чили аз соли 1945. Дар Университети Сантяго хондааст. Дар корҳои дипломатӣ буд(дар Пспания, Мексика). Асарҳояш аз солҳои 20 чоп мешаванд. Дар маҷмӯаи ашъори лирикӣ «Бист шеър оид ба ишқ ва як суруди навмедӣ» (1924), шоърҳои солҳои 1925—1935 («Ҷои зиндагӣ — замин», ҷ. 1—2) оҳангҳои дилсардӣ ва бекасӣ садо медоданд. Дар муборизаи зиддифашистии халқи Испания иштирок дошт (1936—1937). Дар китоби шеърҳои «Испания дар кошонан дил» (1937) Неруда ҳамчун ҳофизи халқи мубориз, ҷорчии якдилии одамон баромад кардааст. Солҳои 1942—1943 «Суруди меҳри Сталинград»-ро навишт.
Нефтали Рикардо Рейес Басуалто | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | исп. Ricardo Eliécer Neftalí Reyes Basoalto |
Тахаллусҳо: | Pablo Neruda[1][2] |
Таърихи таваллуд: | 12 июл 1904 |
Зодгоҳ: | Чили |
Таърихи даргузашт: | 23 |
Маҳалли даргузашт: | Сантяго |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, ходими давлатӣ |
Солҳои эҷод: | 1922 — 1973 |
Жанр: | шеър ва наср |
Забони осор: | забони испанӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Барои фош кардани сиёсати реаксионии президент Гонсалес Видело ӯро таъқиб намуданд. Соли 1948 эпопея оид ба тақдири Америкаи Лотинӣ — «Суруди умумихалқӣ»-ро дар пинҳонкорӣ навишта тамом кард. Солҳои 1949—1952 Неруда ба мамлакатҳои Европа ва Осиё сафар карда, дар ҳаракати тарафдорони сулҳ иштирок дошт, аъзои Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ (аз 1950) буд. Чанд бор ба СССР омад. Ҷамъбасти таассуроти ин солҳо рӯзномаи лирикии «Токзорҳо ва шамолхо» (1954) мебошад. Андешаҳои фалсафии Неруда дар «Қасидаи нахусташё» (1954—1957) ва китоби шеърҳои лирикии «Эстравагарио» (1958) инъикос ёфтаанд.
Маҷмӯаҳои «Баҳрнавардӣ ва бозгаштҳо» (1959), «Сад сонетаи ишқ» (1960), «Сангҳои Чили» (1960), «Сурудҳои маросимӣ» (1961), «Қиёмат» (1969), достони тарҷумаиҳолии «Ёдгории ҷазираҳои сиёҳ» (ҷ. 1—5, 1964) ва ғайра аз вусъати доираи назми ӯ шаҳодат медиҳанд. Муаллифи очеркҳои «Саёҳат» (1955), эссею мақолаҳои танқидӣ ва публитсистӣ мебошад, «Суруди каҳрамонӣ»-и ӯ (1960) ба револютсияи Куба бахшида шудааст. Санъати Неруда, ки дар маҷрои реализми сотсиалистӣ нашъунамо ёфта буд, ба назми бисёр мамлакатҳои ҷаҳон таъсири калон расонд. Дорандаи Мукофоти байналхалқии Сулҳ (I960), Мукофоти байналхалқии ленинии «Барои мустаҳкам кардани сулҳи байни халқҳо» (1959), Мукофоти нобелӣ (1971) буд. Бо ордени «Дустии халқҳо» мукофотонида шудааст. Чанде аз шеърҳои ӯ ба забони тоҷики тарҷума шудаанд («Кабри фаромӯшшуда», 1964; «Номи беқарорӣ», 1965; «Баъд аз ҷанг», 1967 ва ғайра).
- ↑ Neruda P. Confieso que he vivido: Memorias (исп.) — Barcelona: Seix Barral, 1974. — P. 194—195. — ISBN 1-4000-8761-9
- ↑ Alonso G. L. 1930-1980, cincuenta años de historia argentina — С. 159. — ISBN 950-077-007-5