Павел Гроховский
Павел Игнатевич Гроховский (18 март 1899, Вязма[d], губернияи Смоленск[d] — 29 май 1943[1], Коммунарка[d])[2] — конструктор, ихтироъкор ва ташкилкунандаи саноати техникаи парашютӣ, авиатсионӣ ва ҳавоию десантии шӯравӣ, сарфармондеҳи дивизия. Дар Ҷанги якуми ҷаҳон (1914-18), Шӯриши октябрии мусаллаҳона (Қасри Зимистонӣ) ва Ҷанги гражданӣ (1918-22) иштирок кардааст. Дар Омӯзишгоҳи реалии Твер таълим гирифтааст.
русӣ: Павел Игнатьевич Гроховский | |
Таърихи таваллуд | 18 март 1899 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 29 май 1943[1] (44 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | ихтироъкор, халабон |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи мактаби ҳарбии назариявии Қувваҳои ҳавоию ҳарбии Ленинград ва Мактаби авиатсияи ҳарбии Качино (1924), Мактаби дуввуми ҳарбии ҳавонавардии Борисоглебск ва Мактаби олии муҳорибаҳои ҳавоӣ (1925). Павел Гроховский ихтироъҳои аввалини худро ҳангоми дар Новочеркасск ҳавонаварди ҳарбӣ буданаш (1927) амалӣ намудааст. Аз соли 1929 Павел Гроховский ҳавонавард-озмоишгари Институти илмӣ-таҳқиқотии Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ, сарконструктори шуъбаи конструкторӣ (аз 1930), сарконструктори Бюрои махсуси конструкторию истеҳсолии Қувваҳои ҳарбию ҳавоии Кумитаи инқилобии Артиши Сурх (аз 1933) ва сарконструктори Институти таҷрибавии Саридораи саноати авиатсионӣ (1934-37) буд. Павел Гроховский сохтори мотопланери «Г-31» (1932), ҳавопаймои нақлиётию десантии «Г-37» (1934), ҳавопаймоҳои «Кукарача» (ҳавопаймои бедуми пайконшакли Г-39), Г-38, Г-61, Г-63 ва ғ.-ро таҳия намудааст.
Ҳамроҳ бо И. В. Титов бори аввал барои фурудоии одамону техника парашютҳои пахтагин (ба ҷойи абрешимини гаронбаҳо) сохта, соли 1932 усули бо парашют партофтани техникаи вазнинро, ки то ҳол истифода мешавад, пешниҳод кардааст. Павел Гроховский муаллифи чандин лоиҳаи техникаи ҳарбӣ, мас., бронеавтомобил дар болини ҳавоӣ, танк-аэрочана ё гранатомёти дастии зиддитанкӣ ва ғ. аст. Павел Гроховский соли 1937 аз вазифа сабукдӯш гардида, рутбааш то полковник поин фуроварда шуд. Минбаъд Павел Гроховский дар идораи марказии Шӯрои Осоавиахим кор карда, ноябри 1942 бо туҳмати ноҳақ ба ҳабс гирифта, паронда шуд. Соли 1957 сафед шудааст.
Ҷоизаҳо
вироишПавел Гроховский бо ордени Ленин сарфароз гардидааст (1933).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://bessmertnybarak.ru/Grokhovskiy_Pavel_Ignatevich/
- ↑ Гроховский Павел Игнатьевич страница памяти на сайте жертв репрессий
Адабиёт
вироиш- Гроховский Павел Игнатевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.