Павел Яковлевич Серпокрылов (29.11.1918, райони Елан, вилояти Волгоград — ?) — коркуни давлатии советӣ. Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1949).

Павел Яковлевич Серпокрылов
Таърихи таваллуд 29 ноябр 1918(1918-11-29)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 октябр 1995(1995-10-04) (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷоизаҳо

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ

Солҳои 1930—1934 колхозчии колхози «Спартак». 1934—1939 коргар ва тарозудори анбори ғаллаи Комбинати ордкашии № 13-и райони Елан (1934—1939), мудири анбори заводи ордкашии райони Орҷоникидзеобод (1939—1940), хонандаи курси дусолаи ҳуқуқшиносӣ (1940—1941), судяи халқӣ (1941—1945), ҷонишин ва баъд раиси Комитети иҷроияи ҳозира Шаҳртуз (1945—1949), хонандаи Мактаби партиявии шаҳри Душанбе (1949—1950), ҷонишини раиси Комитети иҷроияи район (1950—1962), сардори шуъбаи плану молияи Управленияи минтақавии хоҷагии қишлоқи район (1962—1966), сардори сохтмони байниколхозӣ (1966—1974), сардори Управленияи хоҷагии қишлоқ ва ҷонишини раиси Комитети иҷроияи райони Ҳисор (1974—1979).

Аз октябри 1979 нафақахӯри шахсӣ.

Барои меҳнати шоён бо ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени «Нишони Фахрӣ», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Адабиёт

вироиш