Пажмон Бахтиёрӣ
Ҳусайн Пажмони Бахтиёрӣ (форсӣ: حسین پژمان بختیاری; октябри 1900 — 21 апрел 1974) — тарҷумон, нависанда, таронасаро ва шоири муосири аҳли Эрон.
форсӣ: حسین پژمان بختیاری | |
Таърихи таваллуд: | октябри 1900 |
Таърихи даргузашт: | 21 апрел 1974 (73 сол) |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, адиб |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҲусайни Бахтиёрӣ (ки баъдҳо бо номи Пажмони Бахтиёрӣ шинохта шуд) дар обони 1279 шамсӣ дар маҳаллаи Ҳасанободи Теҳрон ба дунё омадааст. Ӯ танҳофарзанди Алимуродхон Миранҷи Бахтиёрӣ (машрутахоҳ ва аз хонҳои Эли Бахтиёрӣ) ва Оламтоҷ Қоиммақомӣ (мутахаллис ба Жола Қоиммақомӣ) буд. Падараш дар давраи Музаффаруддиншоҳ барои тасаддии маносиби низоми ба Теҳрон муҳоҷират кард ва соҳиби унвони лашкарии Миранҷ (сартап) шуд. Ҳангоме, ки Пжмон як сол дошт, волидайни ӯ аз якдигар ҷудо шуданд. Модараш хонаро тарк кард ва дигар иҷоза надоданд писарашро бубинад. Танҳоӣ, асари мондагоре бар кӯдакии Пажмон гузошт ва дар шеърҳои ӯ ҳам боқӣ монд. Пажмон дар 27-солагӣ модарашро пайдо кард ва то поёни умр модараш, дар канори ӯ зиндагӣ кард[1].
Пажмон даврони кӯдакиашро дар сарзамини Эли Бахтиёрӣ гузаронд ва дар шашсолагӣ вориди мактабхонае дар шаҳри Даштак шуд. Нуҳсола буд, ки падараш фавт кард…
Эзоҳ
вироиш- ↑ Encyclopaedia Iranica Foundation. Welcome to Encyclopaedia Iranica(англ.). iranicaonline.org. 15 ноябри 2022 санҷида шуд.