Пайкараи Абӯалӣ Сино
Пайкараи Абӯалӣ Сино - ба яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони асри XI, дар майдони ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе.
Яке аз маҷмааҳои меъморӣ-фарҳангии шаҳри Душанбе[1].
Таърих
вироишПайкараи Абӯалӣ Сино дар майдони ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар хиёбони И. Сомонӣ ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Рӯ ба рӯи майдон, хиёбони С. Шерозӣ тӯл кашидааст. Муаллифи пайкара ҳайкалтароши Озарбойҷон Умар Ҳасан оғли Елдаров [2] ва меъморони тоҷик Р. Каримов ва А. Агаронов[3] мебошанд.
Намуд
вироишПайкараи Абӯалӣ Сино дар Душанбе аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст ва дар болои таҳкурсии баланд гузошта шудааст. Дар қисми поёни таҳкурсӣ номи лотинии донишманд Avicena навишта шудааст. Дар саҳни майдон фаввора ва 5 ҷилди асари машҳурӣ Сино "Ал-қонун фи-тиб" аз гранити сиёҳ ҷойгир карда шудааст. Аз қафои пайкара ҷойи истироҳати тамошобинон зери дарахтони сояафкан сохта шудааст. Дар гардиши роҳи хёбони И.Сомонӣ гулгашти зебое мавҷуд аст. [4]. Ин гӯшаи шаҳри Душанбе, ҷойи зиёрати навхонадорон, меҳмонон ва сайёҳон гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Площі і пам'ятники столиці (Душанбе) Бойгонӣ шудааст 26 апрели 2011 сол. на www.naison.tj (сайт Найсон-груп) Бойгонӣ шудааст 15 июли 2010 сол. (рус.)
- ↑ Омар Гасан огли Ельдаров (рус.) на Офіційний веб-сайт Національної академії наук Азербайджану Бойгонӣ шудааст 3 Январ 2012 сол.
- ↑ Пам'ятник Абу Алі ібн Сіно (Авіценна) (в Душанбе) на www.dushanbehotels.ru Бойгонӣ шудааст 19 марти 2018 сол. (рус.)
- ↑ Душанбе (Таджикистан) на www.igras.ru Бойгонӣ шудааст 20 августи 2011 сол. (рус.)
Пайвандҳо
вироиш- Пам'ятник Абу Алі ібн Сіно (Авіценна) (в Душанбе) на www.dushanbehotels.ru Бойгонӣ шудааст 19 марти 2018 сол. (рус.)
- площа ім. Абуалі ібн Сіно // Площі і пам'ятники столиці (Душанбе) Бойгонӣ шудааст 26 апрели 2011 сол. на www.naison.tj (сайт Найсон-груп) Бойгонӣ шудааст 15 июли 2010 сол. (рус.)