Панҷа
Панҷа (форсӣ: پنجۀ) — қисми интиҳои дасту пойи одам. Панҷаи даст (Manus) аз сарпанҷа (меъсам), миёнпанҷа ва ангуштон иборат аст. Сарпанҷа аз ҳашт устухон иборат буда, онҳо дар ду қатор ҷой гирифтаанд. Қатори боло (аз устухони соид) аз устухонҳои заврақшакл, ҳилолшакл, сеқирра ва нахӯдшакл, қатори поён аз устухон — трапетсия ва устухони трапетсияшакл, устухони саракдор ва устухони чангакшакл таркиб ёфтааст. Миёнапанҷа панҷ устухон дорад. Устухони ангуштон аз буғумҳо иборатанд. Ангушти I аз ду, ангушти дигар аз се буғум таркиб ёфтаанд. Бандҳои сарпанҷа, миёнапанҷа ва ангуштон бо ҷиҳози пайвандӣ сахт устувор гаштаанд. Дар мавзеи П.-и даст мушакҳои байниустухонӣ ва кирмшакл, мушакҳои барҷастагии ангушти калон ва мушаки барҷастагии ангушти хурд ҷой гирифтаанд. Мушакҳои боқӣ, ки П.-и даст ва ангуштонро ба ҳаракат медароранд, дар соид мавқеъ ёфтаанд. Фаъолияти мушакҳои қаткунандаи П.-и дастро асабҳои оринҷ ва миёнҷоӣ, фаъолияти мушакҳои росткунандаро асаби соид идора мекунанд. П.-и дастро артерияҳои оринҷ ва соид бо хун таъмин мекунанд; шохаҳои онҳо дар кафи даст байни якдигар анастомоз ҳосил карда, камонҳои сатҳӣ ва амиқро ба вуҷуд меоваранд. Хуни венавӣ ба тавассути шабакаи венаҳои сатҳӣ ва амиқи бозу ҳаракат мекунад. Пӯсти кафи даст ва панҷаҳо нисбат ба пӯсти пушти П.-и даст ғафстар буда, кам ҳаракат мекунад. Дар пӯсти П.-и даст ба миқдори зиёд ғадудҳои арақ ва нӯгҳои асаб мавҷуданд. Дар маркази кафи даст апоневрози ғафсе мавҷуд аст, ки танобакҳои фиброзӣ ба вуҷуд овардаанд (дар байни онҳо насҷи чарбӣ ҷойгир аст). Дар П.-и даст нуқси инкишоф, осеб ва бемориҳои гуногун падид меоянд. Ахейрия (тамоман набудани П.) хеле кам вомехӯрад. Полидактилия (серангуштӣ) ва олигодактилия (камангуштии модарзод) нисбат бештар мушоҳида мешавад. Ҳангоми набудани як ё чанд ангушт ва устухонҳои миёнапанҷа П.-и даст шоха ё чангак (ба мисли «анбӯр»-и харчанг)-ро мемонад. Дар сурати нуқси модарзодии инкишоф ангуштон мумкин аст шакли дуруст дошта бошанд, вале дар баъзе ҳолатҳо онҳо аз сабзиш монда, баднамо мегарданд. Кӯтоҳ будани ангуштон микродактилия, аз ҳад зиёд дароз будани онҳо макродактилия ном дорад. Баъзан часпидагии модарзодии ангуштон (синдактилия) ба мушоҳида мерасанд. Дар ин гуна мавридҳо ангуштон мумкин аст ба якдигар бо пӯст часпида бошанд (синдактилияи пардагӣ) ё онҳоро як ғилофи умумии пӯстӣ фаро гирифтааст (синдактилияи ҷилдӣ); бисёр вақт буғумҳо ба якдигар устухонпайванд низ мебошанд (синдактилияи устухонӣ). Нуқси П.-и даст ба тавассути ҷарроҳӣ муолиҷа карда мешавад. Ба осебҳои П.-и даст баромадан, шикастагӣ, канда шудан ва ғ. мансубанд. Устухонҳои сарпанҷа, одатан, кам беҷо мешаванд; шикастани онҳо низ аҳёнан ба мушоҳида мерасад. Дар ҳама ҳолатҳои шикастан ё баромадани устухонҳои П.-и даст ҳатман ба духтури осебшинос муроҷиат кардан лозим аст. Захм ёфтани бофтаҳои П.-и даст хавфи зиёд дорад, зеро мумкин аст ангезандаҳои бемориҳои сироятии римдор ба организм роҳ ёфта, боиси пайдоиши бемории кузоз шаванд. Дар П.-и даст бисёр вақт бемориҳои илтиҳобии шадид, мас., хасмол, флегмонаи амиқ, озаху обилаҳои гуногун ва ғ. зуҳур меёбанд. Табобати захму бемориҳои П.-и даст вазифаи духтур аст.
Эзоҳ
вироишПанҷа дар Викианбор |