Паола Рей

ҳунарпешаи колумбӣ

Паола Андреа Рей Архиниегас (исп. Paola Andrea Rey Arciniegas; тав. 19 декабр 1979, Сан Хил, Сантандер, Колумбия) — ҳунарпеша ва модели колумбӣ, ки барои ҳунарнамоӣ дар сериолҳои Амрикои Лотинӣ муаррифӣ шудааст. Паола дар силсилафилми машҳури «Хашми пинҳон» (Pasión de Gavilanes) ва «Зан дар оина» (La mujer en el espejo) нақш бозидааст.

Паола Рей
исп. Paola Rey
Ном ба ҳангоми таваллуд: Paola Andrea Rey Arciniegas
Таърихи таваллуд: 19 декабр 1979(1979-12-19) (44 сол)
Зодгоҳ: Сан Хил, Сантандер, Колумбия
Шаҳрвандӣ:  Колумбия
Касб: ҳунарпеша
модел
Корнома: 1996-то ҳол
IMDb: ID 0721140
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Паола Рей 19 декабри соли 1979 дар Сан Хил (Сантандер, Колумбия) дар оилаи Хосе Доминго Рей ва Сесилия Арчиниегас таваллуд шудааст. Ӯ як хоҳар Александра ва як бародар Хосе Алберто дорад. Дар кӯдакӣ ӯ хело боақл ва зирак буд, бинобар ин тасмим гирифт, ки муҳандиси саноатиро омӯзад. Бо вуҷуди ин, вай фаъолияти худро тарк кард, то худро ба ҳунар бахшад.

Фаъолият

вироиш

Паола аз хурдӣ орзу дошт ҳунарпеша шавад. Вай бори аввал дар телевизион дар синни 16-солагӣ дар теленовелаи «Fuego Verde» баромад кард. Ба санҷиш омада, духтар гумон надошт, ки ӯро даъват мекунанд. Аммо дере нагузашта Паола фаҳмид, ки ба ӯ маҳорат намерасад ва ба курсҳои актёрӣ рафт. Афзоиши касбии ӯ аз ҷониби продюсерон бетаъсир намонд. Дар соли 2001, ӯро барои иҷрои нахустин нақши асосӣ дар силсилафилми «La Baby Sitter» даъват карданд. Аммо муваффақияти асосро Паола дар силсилафилми «Pasión de Gavilanes» - такрори силсилафилми «Обҳои ором» ба даст овар, ки дар ин теленовела шарикони ӯро Хуан Алфонсо Баптиста, Марио Симарро, Данна Гарсия, Наташа Клаусс ва Мишел Браун бозиданд. Онҳо якҷоя бо Данна Гарсия ва Наташа Клаусс нақшҳои хоҳарони Элисондоро иҷро карданд. Пас аз муваффақияти силсилафилм, Паола ба силсилафилми «La Mujer en el Espejo» даъватнома гирифт, ки дар он ҷо шарики ӯ боз Хуан Алфонсо Баптиста гашт. Дар соли 2008, Паола нақши "Лаура" -ро дар силсилафилми "Montecristo" бозид.

Паола дар мавсими дуввуми силсилафилми бисёрсериягии «Las muñecas de la mafia»-и ширкати Caracol Television нақши асосиро бозид.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Паола соли 2002 бо сарояндаи пуэрторикӣ Луис Фонсӣ муносибати румонтикии кӯтоҳе дошт. Айни замон вай бо ҳунарпеша Хуан Карлос Варгас, ки ҳангоми банаворгирии теленовелаи «Montecristo» вохӯрдааст, оиладор шудааст ва бо ӯ ду фарзанд доранд, Оливер, моҳи июли соли 2013 ва Лео моҳи майи соли 2018 таваллуд шудаанд.

Вай бо ҳунарпеша Хуан Алфонсо Баптиста дӯстӣ дорад.

Филмнома

вироиш

Телевизион

вироиш
Сол Номгӯй Нақш
2019 Las muñecas de la mafia 2 Бренда
2015-2016 Sala de urgencias Каролина Ҳернандес
2012-2013 Pobres Rico Мариела Сиачоке
2009-2010 Las detectivas y el Víctor Мария Изабел "Чабела" Родригез Гутиеррес
2007-2008 Montecristo Лаура Франко
2006-2007 Decisiones
Amores de mercado Лусия Саватер Мартинес де Летра
2004-2005 La mujer en el espejo Ҷуллиана Соллер/ Маритса Феррер
2003-2004 Pasión de gavilanes Химена Элизондо Асеведо де Рейес
2000-2001 La Baby Sister Фабиана Эстрелла Ривера Читива
1999-2000 ¿Por qué diablos? Жасмин 'Ҷас' Кордеро
1998-1999 Corazón prohibido Паола Андреа
1998 Sín límites Камила
1996-1998 Fuego verde Грасиела
Сол Номгӯй Нақш
2019 Sofía София
2017 La Man Cave Рао
2014 Espejos Инга
2002 Como el gato y el ratón Ҷованна Кристанчо