Парастишгоҳ
Парастишгоҳ (форсӣ: پرستشگاه), ибодатгоҳ (форсӣ: عبادتگاه), маъбад (форсӣ: معبد) — макони парастиш, тоъату ибодат ва ниёиши Худованд дар ҳамаи динҳо. Маъбад арзиши волое дар ҳар дин дорад. Парастишгоҳҳо на фақат макони парастиши Худованд, балки ҳамчун ҷойгоҳи баргузории маросимҳои ботантанаи динӣ, нишастҳои иҷтимоъӣ, бузургдошти шахсиятҳо ва ба ҳайси паноҳгоҳ низ хидмат мекунад.
Парастишгоҳи Зардуштиён
вироишЗардуштиён барои анҷоми маросими мазҳабӣ парастишгоҳҳое бо номҳои «оташкада», «одриён», «пирон» ва ғ. доранд, ки маҳалли нигаҳдории оташ ва тоъату ибодати Аҳуро Маздо мебошанд. Қадимтарин парастишгоҳҳо ё оташкадаҳои зардуштиён, ки то ҳол дар онҳо маросими мазҳабӣ ба ҷо оварда мешаванд, дар устонҳои Язду Симнони Эрон, дар Ҳинд ва ғ. воқеъ мебошанд. Яке аз муҳиммтарини онҳо «Чак-чак» ё «Пири сабз» (Язд) ном дорад, ки дар он зардуштиён аз Эрон ва тамоми нуқоти ҷаҳон ҳар сол 24 июн гирди ҳам омада, ба фарзандони аз 7 то 10-солаи худ судра (ё сидра, пероҳани сапеди дарозу кушод) мепӯшонанд, тӯли 5 рӯз ба дуъою ниёиш пардохта, бо шодӣ суруд мехонанд, чанд шамъ ҳамвора равшан нигоҳ медоранд ва чӯби уд месӯзонанд. Дар қалъаи Муғ (Истаравшан, Тоҷикистон) парастишгоҳи зардуштиён вуҷуд дорад, ки дорои меҳроб, оташдон ва ғ. мебошад.
Парастишгоҳҳои Ҳинди Чину Мису Бобилу Рум
вироишПарастишгоҳҳои Ҳинд, Чин, Миср, Бобил ва Руми Бостонро «маъбад» хонанд. Ибодатгоҳи динҳои гуногун номҳои ба худ хос доранд, аз ҷумла: масҷид (ислом), оташкада (зардуштия), каниса (яҳудия); калисо (масеҳия), мандир (ҳиндуия), машриқу-л-азкор (баҳоия) ва ғ. Ибодатгоҳҳои мазкур аз ҷиҳати сохт, намои беруниву дохилӣ ва ороишот аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва аксаран баёнгари рӯҳия ва фарҳангу тамаддуни ин ё он миллат буда, бисёр зебо мебошанд. Мас., ибодатгоҳи ҳиндӣ биноест, ки дар он мурти (муҷассамаҳои худоён, девҳо ва авлиё) мавриди парастишу ниёиш қарор мегиранд. Маъбадҳои мисриёни бостон ба ҳайси хонаи худоёну шоҳон хидмат карда, дар онҳо маросими динӣ, қурбониҳо барои худоён, намоишҳои саҳнавӣ аз устураҳо (ҳангоми ҷашнҳо ба мақсади дафъи бесарусомониҳо) баргузор мешуд. Фиръавнҳо барои сохтмони маъбадҳо ва хидматгузорӣ дар онҳо маблағҳои бузург сарф мекарданд. Мардуми одӣ иҷозати ба дохили ибодатгоҳ даромадан надоштанд. Православҳо танҳо он биноҳоеро ҳамчун ибодатгоҳ эътироф мекунанд, ки дар онҳо меҳроб вуҷуд дошта бошад ва нону шароби табаррукии калисо (евхаристия) хӯронида шавад. Католикҳо низ ҳамин қоидаҳоро риоя мекунанд. Аксарияти протестантҳо евхаристияро фарз намедонанд ва ибодатгоҳро танҳо ҳамчун макони маҷлису дуохониҳои ҷамъиятӣ мешуморанд. Баъзе протестантҳои муосир маросими тоату ибодати худро на дар ибодатгоҳҳо, балки дар толорҳои иҷорагирифташуда, манзилҳои гуногун ва дар хонаҳои худ афзалтар медонанд, зеро, ба андешаи онҳо, нахустин ҳавориёни масеҳӣ ҳамин тариқаи дурустро пеш гирифта буданд. Дар баъзе аз адёни иброҳимӣ ибодатгоҳҳо вуҷуд надоранд. Дар Уршалим танҳо як ибодатгоҳ – маъбади яҳудиён вуҷуд дошт, ки ҳоло нест. Ба ҷои он акнун дар аксари манотиқи олам машҳуртарин ниҳоди динии яҳудон – канисаҳо вуҷуд доранд. Ибодатгоҳи ё «машриқу-л-азкор»-и баҳоиён дорои 9 тараф ва як толори марказии гунбадмонанд буда, дар он барои дуо ва муноҷот ҷамъ машаванд. Ҳар маҳалле машриқу-л-азкор дорад ва Баҳоуллоҳ машриқу-л-азкори маҳаллиро маркази ҳаёти рӯҳонӣ ва умури инсонии ҷомеаи он маҳал муқаррар кардааст.
Савмаъа ибодатгоҳест, ки дар он роҳибҳо ё роҳибаҳо таҳти сарпарастии як раиси мард ё зан дар он зиндагӣ мекунанд. Дар асрҳои миёна савмаъаҳои бисёре дар саросари Аврупо сохта шуданд. Як савмаъа дорои толори бузург, утоқҳои таълимӣ, айвони сарпӯшида барои қадам задан, мутолиа ва тафаккури роҳибон, хобгоҳ, ошпазхона, анборхона ва утоқи меҳмон мебошад. Роҳибон дар замине, ки ба онҳо тааллуқ дорад, барои таъмини ниёзи худ кишту кор мекунанд. Бузургтарин ибодатгоҳи ҷаҳон маъбади будоии Ангакурвоти Камбоҷия (асри 12) аст, ки масоҳаташ 162,6 га мебошад.
Дар аксари манотиқи олам масҷидҳои зиёде вуҷуд доранд, ки дар баъзе аз онҳо мадрасаҳои хурду бузург бино ёфтаанд. Дар ин мадрасаҳо рукнҳои асосии ислом ва таълимоти мазҳабҳои муайян омӯхта мешаванд. Бузургтарин масҷидҳои олам: Масҷиду-л-ҳаром (Макка), ҳарами Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (Эрон), Масҷиду-л-набавӣ (Мадина) ва ғ.
Дар Қуръон зикри номи чунин ибодатгоҳҳо омадааст: масҷид, савмаъа, биъа (22:40). Ибодатгоҳи сӯфиёнро «савмаа» гӯянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Kamil Jill. Upper Egypt and Nuӣia: The Antiqғities from Amarna to Abu Simbel. Egyptian International Publishing Company. 1996;
- Lorna Oakes. Pyramids, Temples and Tombs of Ancient Egypt: An Illustrated Atlas of the Land of the Pharaohs. Hermes House: Anness Publishing Ltd. 2003;
- Али-заде А. А. Масджид. М., 2007; Васильева Е. Н. Церковь и секта: развитие научных представлений. М., 2011;
- Чаковская Л. С. Воплощенная память о Храме. Художественный мир синагог Святой Земли III–VI вв. н. э. М., 2011;
- Низаметдинова Р. Р. Идея космоса в архитектуре Древнего Востока: храм как модель вселенной. М., 2011.
- Боқизода А. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Д., 2017.
- فرهنگ فارسی عمید. جلد ١. تهران ،١٣٦٧ ش.
Сарчашма
вироиш- Ибодатгоҳ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.