Парастор[1] (форсӣ: پرستار‎, англ. nurse) — шахсе, ки дар заминаи усули илмӣ ва маҳоратҳои ҳирфаии муроқибати саломат, дармон ва омӯзиши пизишкии беморон таҳсил кардаву дар он маҳорат дошта бошад.

Парастор ва бемор, Токио

Ҳарчанд дар гузашта ба тамоми муроқибини беморон ва нотавонон парастор мегуфтанд, вале имрӯза парастор фардест, ки дорои таҳсилоти донишгоҳӣ дар ин замина аст.

Парастор наметавонд маркази дармонии мустақиле дошта бошад, балки дар марказҳои дармонии таъсисшуда монанди бемористону дармонгоҳ узве аз тими дармонӣ аст.

Бар асоси стандартҳо, бояд теъдоди парасторон се баробари теъдоди пизишкон, ё ду баробари теъдод тахтҳои бемористонӣ бошад, ё дар изои ҳар ҳазор нафар ҷамъият, се парастор вуҷуд дошта бошад. Ҳамчунин стандартҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад дар бахши дохилӣ ва ҷарроҳӣ, ҳар 4 то 6 бемор бояд як парастор дошта бошанд.

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Парастор чист? Маънии парастор(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 9 марти 2023 санҷида шуд.