Парвиз Акрамзода
Акрамзода Парвиз Акрам — и.в. раиси шаҳри Турсунзода.
и.в. раиси шаҳри Турсунзода Тоҷикистон
|
|
---|---|
аз 8 июни 2020 | |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Таваллуд | 24 март 1980 (44 сол) |
Зиндагинома
вироиш24 марти соли 1980 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик. Оиладор. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисос — иқтисодиёти ҷаҳон, идоракунии давлатӣ (унвони илмӣ надорад). Забонҳои русӣ, туркӣ, ӯзбекиро медонад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум).
Солҳои 1999-2003 — мутахассиси дараҷаи аввали Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – 90», шаҳри Душанбе
Солҳои 2003-2004 — сармутахассис – муҳосиби Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – 90», шаҳри Душанбе
Солҳои 2004-2005 — сармутахассиси корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла»–и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2014 — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – Турон – Инвест», шаҳри Турсунзода
Солҳои 2014-2015 — Муовини раиси шаҳри Турсунзода
Солҳои 2015-2018 — Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода
Солҳои 2018-2020 — Раиси ноҳияи Ховалинг, вилояти Хатлон
Аз июни соли 2020 — и.в. раиси шаҳри Турсунзода.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Раиси шаҳр – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода (tj-TJ). 16 Январ 2023 санҷида шуд.