Парвиз Бобомуродов

Парвиз Бобомуродов (Бобомуродов Парвиз Уктамович; зод. 2 ноябри 1992, Панҷакент, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — иқтисоддон, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисод (2021)[1], дотсент.

Парвиз Бобомуродов
Бобомуродов Парвиз Уктамович
Таърихи таваллуд 2 ноябр 1992(1992-11-02) (31 сол)
Зодгоҳ Панҷакент, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи мактаби № 29-и шаҳри Панҷакент (соли 2010) ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2015). Соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-029 назди Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаккулёбӣ ва рушди зерсистемаҳои инноватсионии минтақавӣ (дар маводи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)»[2] аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 — Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ (идоракунии инноватсияҳо) рисолаи номзадиашро дифоъ карда, дараҷаи номзади илмҳои иқтисодро ба даст овардааст.

Фаъолияти корӣ вироиш

Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти педагогии худро аз сентябри соли 2015 оғоз карда, солҳои 2015—2016 муаллими кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёти Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, солҳои 2016—2018 ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2018—2021 ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон[3], аз сентябри соли 2021 дотсенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи беш аз 30 таълифоти илмиву омавӣ аз ҷумла 1 монография, 1 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, 1 васоити таълимӣ мебошад.

Осор вироиш

  • Технологияи информатсионӣ: Васоити таълимӣ. — Душанбе. 2019. — 212 с.
  • Формирование и развитие региональных инновационных подсистем (на материалах Хатлонской области Республики Таджикистан) (Монография). Душанбе, 2021. — 130 с.

Эзоҳ вироиш

  1. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фармоиши №94 барои додани дараҷаи илмӣ. vak.tj (30 марти 2021). 19 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2021.
  2. На правах рукописи. www.google.com. Российско-Таджикский (Славянский) университет.. 19 Январ 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Ҳайати профессорон ва омӯзгорон. tgfeu.tj. 19 Январ 2022 санҷида шуд.