Парвиз Туробӣ - оҳангсоз (композитор), узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1988)

Парвиз Туробӣ
Парвиз Туробӣ
Таърихи таваллуд 1963(1963)
Зодгоҳ шаҳри Душанбе
Пеша(ҳо) оҳангсоз (композитор)

Зиндагинома

вироиш

Парвиз Туробӣ соли 1963 таваллуд шуда, соли 1981 мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ, соли 1986 Институти мусиқӣ-педагогии Гнесинҳо (ҳоло Академияи мусиқии Гнесинҳо)-ро дар синфи профессор А.Ларин хатм намудааст. Аз соли 1988 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аст. Асарҳои симфонӣ ва камеравии Туробӣ П. дар Россия, Қирғизистон, Германия, ИМА иҷро карда шудаанд. Достони симфонии «Гаҳвораи Сино»-ро оркестри давлатии симфонии Москва иҷро карда, соли 1989 дар радиои умумииттифоқӣ сабт кард. Дар хазинаи композитор Соната барои фортепиано, Соната барои скрипка ва фортепиано, Соната барои алт ва фортепиано, Соната барои виолончел ва фортепиано. Парвиз Туробӣ муаллифи пйесаҳо, романсҳо ва сурудҳо мебошад. Композитор ҳоло дар авҷи камолот аст. Ӯ ҷустуҷӯ мекунад.

Асарҳои симфонӣ

вироиш
  • 1986 – «Гаҳвораи Сино», достони симфонӣ.
  • 1991 – Рапсодияи консертӣ барои фортепиано бо оркестр.
  • 1993 – «Ҷомӣ», увертюра барои оркестри симфонӣ.
  • 2008 – Симфонияи №1.

Асарҳои камеравӣ-созӣ

вироиш
  • 1988 – Квартети №1.
  • 1989 – Квартети №2.1990 – Достон барои оркестри камеравӣ.
  • 1992 – «Лалайик», барои оркестри торӣ, ба хотираи Н.Бандишоева.
  • 1995 – Достон барои ровӣ, фортепиано ва оркестри камеравӣ. Соната барои фортепиано

Мусиқӣ ба филмҳо

вироиш
  • «Навсозӣ», мусиқӣ ба филми бадеӣ, «Тоҷикфилм».
  • «Дарё дар рушноии моҳтоб», мусиқӣ ба мултфилм «Тоҷикфилм».[1]
  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 240-243