Паргор
Паргор, сиркул (аз лот. circulus — доира, давр) — василае барои кашидани доира. Ин абзорро дар расми фаннӣ ва кашидани шаклҳои ҳандасӣ ва нақшакашӣ ба кор мебаранд. Ҳамчунин паргорҳо аз ҷумлаи васоили кумакӣ дар андозагирӣ ҳастанд, ки аз онҳо барои хаткашӣ, аломатгузорӣ, андозагирӣ ва интиқоли андоза аз қитъаи кор ба рӯйи абзор ё билъакс истифода мешавад.
Паргор аз ду милаи филиззӣ ташкил шуда, ки бар сари яке аз онҳо мидод ё қаламе қарор дорад ва бо меҳвар қарор додани милаи дигар аз он барои расми доира ё андозагирии камонҳои доира истифода мешавад[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ انوری، حسن، فرهنگ بزرگ سخن، تهران: سخن، ۱۳۸۱. جلد ۲، سرواژهٔ پرگار.