Пардохтҳои кафолатӣ

Пардохтҳои кафолатӣ - пардохтҳои пулие, ки ба корманд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё давлатӣ пардохт карда мешаванд. Пардохти ин маблағҳоро КМ ҶТ бевосита дар ҳолатҳои зерин муқаррар намудааст.

1. Пардохтҳои кафолатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ (м.110 КМ).

2. Пардохти кафолатӣ ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд (м. 112 КМ).

3. Кафолат барои кормандоне, ки ҷиҳати ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешаванд (м. 113 КМ).

4. Пардохтҳои кафолатӣ барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон (м. 115 КМ). Бояд дар назар дошт, ки ҳангоми пардохти кафолатӣ музди миёнаи меҳнатии корманд дар назар дошта мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш

Пардохт

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 373