Пахтакор (бошгоҳи футбол, Ҷаббор Расулов)

бошгоҳи футболи тоҷик

Пахтакор - бошгоҳи футболи тоҷик дар шаҳраки Меҳробод, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, воқеъ дар шимоли кишвар.

БФ «Пахтакор»
Номи пурра Бошгоҳи футболи «Пахтакор» Ҷаббор Расулов
Таъсис 1989
Майдон Варзишгоҳи марказӣ
Мусобиқа
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ

Таърих

вироиш

Бошгоҳи футболи «Автомобилист» соли 1989 дар Пролетар (ҳоло Меҳробод) таъсис ёфтааст[1]. Соли 1992 ин бошгоҳ номи худро ба «Пахтакор» иваз кард ва дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад кард. Дар мавсими дебютӣ даста дар гурӯҳбандии ниҳоӣ ҷои 5-умро гирифт. Муваффақияти аввалин соли 1993 ба даст омад, ки даста дар чемпионат медалҳои биринҷӣ гирифт ва соли 1994 ин муваффақиятро такрор кард. Соли 1995 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд[2]. Соли 1996 аввалин маротиба дар Ҷоми Осиё баромад кард. Дар мавсими соли 1996 дар ҷои охирини 15-ум қарор гирифт ва ба Лигаи якуми Тоҷикистон афтод. Бошгоҳ ҳам вилоятро муаррифй мекард.

Номҳо

вироиш
  • 1989: «Автомобилист» Пролетарск
  • 1992: «Пахтакор» Пролетарск

Варзишгоҳ

вироиш

Бошгоҳ бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Меҳробод мегузаронад, ки он 4000 тамошобинро қабул карда метавонад.