Паёмнамо
Паёмнамо, телематн, видеоматн — истилоҳи умумӣ барои ифодаи усулҳои гуногун, ки бо ёрии онҳо иттилоот дар экрани телевизор ё роёна намоиш дода мешавад.
Иттилооте, ки аз манбаи пахшнамоӣ якҷо бо сигналҳои муқаррарии телевизионӣ интиқол гардида, дар як вақт бо дигар шабакаҳо ё новобаста ба онҳо пахш карда мешавад, телематн ном дорад. Системаеро, ки аз маъхази ахбории компютер иттилоотро тавассути хатти телефон ба экран мебарорад, видеоматн (дар аввал «иттилооти чашмдид ё визуалӣ») меноманд. Видеоматн технологияест, ки ба истифодабарандагони муқаррарӣ барои гирифтани иттилооти гуногун (масалан, маълумотномаи телефонӣ, навигариҳои варзишӣ, обу ҳаво, бозиҳои видеоӣ ва ғ.) имкон медиҳад. Дастовардҳои технологии солҳои охир имкон дод, ки суръати пахши видеоматн бо ҳаҷми камтарин баланд гардад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Видеоматн / М. Тағоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.