Пеналтӣ (футбол)

Пеналтӣ (инчунин, зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра) — зарбае аст, ки дар сурати хатои ҳариф дар ҷаримагоҳ тавассути тими муқобил аз рӯйи нуқтаи пеналтӣ (фосилаи 11-метрии дарвоза) зада мешавад. Албатта, ҷарима бархе аз хатоҳо дар ҷаримагоҳ зарбаи ғайримустақим мебошад. Дар интиҳои бархе аз бозиҳои ҳазфӣ низ барои таъйини баранда пеналтӣ зада мешавад. Дар баъзе рақобатҳо агар бозӣ мусовӣ шавад ва дар вақти изофа ҳам ду тим натиҷае ҷуз тасовӣ нагиранд, заработи пеналтӣ барои ду тим дар назар гирифта мешавад, ки теъдоди ин зарбот 5 то аст (ҳадди ақал).

ТаърихВироиш

 
Бозигари рақами 27 бо пироҳани сафед барои задани пеналтӣ омодагӣ мегирад. Дарвозабон ҳанӯз дар хатти дарвоза дар мавқеъи дуруст нест
 
Хуан Роман Рикелме (Аргентина) дар даври ниманиҳоии мусобиқаи футболи олимпӣ (Пекин-2008) ба дарвозаи Бразилия аз пеналтӣ гол зад

Вилиам Маккрами ирландӣ созанда (кашшоф)-и зарбаи пеналтӣ мебошад. Назариёти ӯ дар бораи пеналтӣ death penalty (ҳукми қатл) ном дошт..

ХатоҳоВироиш

хатоҳои зерро, ки ба тариқе ба ташхиси довар анҷом гирад ва як зарба озоди мустақим гирифта мешавад, иборатанд аз:

1. лагад задан ё иқдом ба он;

2. пушти по задан ё иқдом ба он;

3. паридан рӯйи бозикуни ҳариф;

4. тана задан ба ҳариф;

5. задани ҳариф ё иқдом ба он;

6. бағал кардани ҳариф бо мақсади монеъ шудан дар ҷаримагоҳ;

7. оби даҳон андохтан ба ҳариф;

8. гирифтани ҳариф;

9. даст задани амдӣ (барқасдона) ба тӯп (ба ҷуз дарвозабон) дар дохили ҷаримагоҳи худ.

ИнчунинВироиш

  • Ҷаримаҳои баъди бозӣ
  • зарбаи услуби Паненка
  • Буллит

ҚайдҳоВироиш

ПайвандҳоВироиш