Пешпардохт
Пешпардохт (Аванс) - маблағи пулие, ки ба ҳисоби пардохти оянда барои неъматҳои моддии мувофиқи шартнома гирифташуда, кори иҷрогардида, хидмати расонидашуда супорида мешавад.
Чунин маблағ дар мавриди ба таври дахлдор иҷро намудани ӯхдадорӣ ва пардохти пурраи он ба ҳисоб гирифта мешавад. Пешпардохт дар муносибатҳои шартномавӣ хеле васеъ истифода мешавад. Пешпардохт одатан мувофиқи шартнома аз 10 то 40 фоизи арзиши пурраи шартномаро ташкил медиҳад. Дар шартнома ба сифати пешпардохт дода шудани маблағ бояд қайд карда шавад. Зеро дар баъзе мавридҳо зарурати фарқ намудани он аз дигар муносибатҳои ба он монанд мумкин аст ба миён ояд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.13