Пирмат Бозоров (1904, деҳаи Ҷигдалик, ноҳияи Конибодом — 1956, деҳаи Қарақчиқум, ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), иштирокдори ҶБВ (1941—1945).

Пирмат Бозоров
Таърихи таваллуд 1904(1904)
Зодгоҳ деҳаи Ҷигдалик, ноҳияи Конибодом
Таърихи даргузашт 1956(1956)
Маҳалли даргузашт деҳаи Қарақчиқум, ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1930—1941 колхозчӣ, сардори звенои колхози «Инқилоб», 1943—1956 оброн ва сардори звенои колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Конибодом буд. Звенои Пирмат Бозоров солҳои 1945—1947 ба гирифтани ҳосили фаровони пахта муваффақ шудааст.

Орену медалҳо

вироиш

Бо орденҳои Ленин, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо қадрдонӣ шудааст.

Адабиёт

вироиш