Пирпизишкӣ (форсӣ: پیرپزشکی‎), гериатрия (юн.-қад. γέρων «пир» + ἰατρεία «дармон» ← ἰατρός «пизишк») — як шохаи пиришиносӣ.

Нигоҳубини як марди солманд.

Пирпизишкӣ масъалаи мадади тиббӣ ба пирсолон, бемориҳои пирӣ ва табобату пешгирии онҳоро таҳқиқ менамояд. Пирпизишкӣ ба табибони қадим низ маълум буд. Як бахши махсуси «Ал-Қонун»-и Абуалии Сино ба тадбири пирон бахшида шудааст, ки фаслҳои ғизои пирон, шароби пирон, кушодани суддаҳои пирон, масҳи пирон ва варзиши пиронро дар бар мегирад. Дар ин бахш омадааст, ки «Ғизои пирро бояд ба бахшҳои кам-кам ҷудо намуд ва онро ба ҳасби қувваи гувориш ва нотавонии он ду ё се бор дод. Бояд соати се нони хуб сохташуда бо ангубин бихӯранд ва соати ҳафт пас аз гармоба чизе бихӯранд, ки шикамро нарм созад… Бояд аз хӯрдани ғизои ситабре, ки савдо ва ё балғам бизояд ва аз ҳар чизи гарми тези хушкифизо, аз қабили комаҳо ва дегафзорҳо парҳез кунад, магар ба тариқи доругӣ истифода барад… Пиронро бо равған, хусусан бо равғани зайтуни хуш ҳуқнарезӣ кардан судманд аст, чаро ки бар асари он изофа ба истифроғ андомҳои дарунӣ нарм хоҳад шуд…».

Дар одамони аз 75-80-сола боло баъзе узву бофтаҳо заиф мешаванд. Дар натиҷа бемориҳои пирсолон, маъмулан, вазнинтар ҷараён мегиранд. Тағйироти марбут ба синну сол қабл аз ҳама дар мағзи сар, силсилаи дилу рагҳо, роҳҳои пешобгузар ва дастгоҳи такяву ҳаракат ба вуҷуд меоянд. Аз ин нигоҳ тирагии ақл, афсурдарӯҳӣ, чакмезакӣ, гоҳе беҳушӣ нишонаи бисёр бемориҳое мебошанд, ки дар давраи пирсолӣ ба мушоҳада мерасанд. Қобилияти ҷубронсозии андомгон (организм)-и одамони солхӯрда суст аст. Бинобар ин, аломатҳои бисёр бемориҳо дар одамони пирсол нисбат ба ҷавонон дар давраҳои аввали беморӣ ба мушоҳада мерасанд. Дар пирсолон ҳатто мумкин аст андаке калон шудани ғадуди простата мӯҷиби бастагии пешоб гардад.

Адабиёт

вироиш
  • Чеботарев Д. Ф., Бойко В. И. Уход за больными пожилого и старческого возраста. Киев, 1975;
  • Чеботарев Д. Ф., Бойко В. И. Пособие по гериатрии для среднего медработника. Киев, 1986;
  • Абуалӣ ибни Сино, «Қонуни тиб».//Китоби 1. Д., 1991;
  • Губачев Ю. М. Гериатрические проблемы семейной медицины. СПб., 2000.

Сарчашма

вироиш