Пйер Эрнест Вейс (фр. Pierre-Ernest Weiss; 25 март 1865[1][2][3][…], Mulhouse[d]24 октябр 1940[1][3][4][…], 7th arrondissement of Lyon[d][5]) — физикдони фаронсавӣ, узви АИ Фаронса (1926).

Пйер Вейс
фр. Pierre Weiss
Таърихи таваллуд 25 март 1865(1865-03-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 октябр 1940(1940-10-24)[1][3][4][…] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ magnetism[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Jules Violle[d] ва Marcel Brillouin[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Сюрих (1887) ва Мактаби омӯзгории (нормалии) Порис (1892). Профессори Донишгоҳи Лион (1899—1903), Политехникуми Сюрих (1903—1918), Донишгоҳи Страсбург ва директори Институти физика (1918—1940). Корҳои илмии асосиаш ба соҳаи магнетизм бахшида шудаанд. Соли 1907 фарзияи дар ферромагнетикҳо мавҷуд будани таъсири мутақобилаи дохилиро, ки боиси магнитнокии худбахудӣ (магнитнокшавии беихтиёр) мегардад, пешгӯӣ кард, назарияи феноменологии ферромагнетизмро такмил дод, ба таври назариявӣ аномалияи гармогунҷоиш ва ҳодисаи магнитокалориягии ферромагнетикҳоро пешгӯӣ карда, дар амалия онҳоро омӯхт, қонуни вобастагии ҳароратии таъсирпазирии ферромагнетикҳоро болотар аз нуқтаи Кюри кашф намуд (нигар Қонуни Кюри — Вейс). Соли 1911 мавҷуд будани моменти магнитии атомро исбот карда, онро магнетон номид. Пйер Вейс электромагнитҳои тавоно ва асбобҳои санҷиши электрикию магнитӣ сохтааст.

Адабиёт

вироиш