Пйер Гассенди
Гассенди, ё Гассенд (фр. Pierre Gassendi, 22 январи 1592, Шантерсйе близ Диня дар Прованс — 24 октябри 1655, Порис) — файласуф, риёзидон ва ахтаршиноси фаронсавӣ.
фр. Pierre Gassendi | |
Таърихи таваллуд | 22 январ 1592[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 октябр 1655[4][1][2][…] (63 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | Doctor of Theology[d] (1614) |
Алма-матер | |
Шогирдон | Jean Picard[d] ва François Bernier[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар коллеҷи шаҳри Дин, сипас дар Университети Экс-ан-Прованс таҳсил кардааст. Проф. соҳаи илоҳиёт дар Дина (аз 1613), фалсафа дар Экс (аз 1616) ва математика дар Порис (аз соли 1645). Ҷонибдори ақидаи атомистии Эпикур буд. Доктори илоҳиёт (аз 1617). Дар Донишгоҳҳои Экса (Прованс аз соли 1616) аз фалсафа ва дар Омӯзишгоҳи подшоҳии Порис (аз соли 1645) аз математика дарс додааст. Таҳқиқоти асосии Пйер Гассенди «Маҷмӯаи фалсафа» («Syntagma philosophicum» 1658), ба физика ва мантиқ (муқарраркунандаи нишонаҳои ҳақиқат ва роҳҳои маърифати он), физика ва этика бахшида шуда буд. Мувофиқи таълимоти Пйер Гассенди (баъди Эпикур), тамоми мавҷудоту Коинот аз атом ва фазои холӣ (халоъ) иборат буда, тамоми ҳодисаҳо дар табиат дар фазову вақт (макону замон) рӯй медиҳанд, танҳо ҷисм андозагирӣ шуда, фазо бо ҳаҷм, вақт бо ҳаракат чен карда мешаванд. Ҷисмҳо аз атомҳои зиёди майдатарин иборатанд. Атомҳо аз рӯйи хосиятҳо, бузургӣ, шакл ва вазнашон фарқ мекунанд. Маҳз атомҳо нахустсабаби асосии ҳамаи сифатҳои ҷисмҳо ва ҳаракати онҳо мебошанд. Азбаски атомҳо тавлид ва ё гум намешаванд, миқдори ҳаракати онҳо дар олам бетағйир мемонад. Таъсир ба масофа мавҷуд нест. Дониши инсон дар бораи олами берунӣ дар асоси ҳиссиёт ба вуҷуд меояд: дарки эҳсосотӣ ҳеч гоҳ дурӯғ нест. Хушбахтиро Пйер Гассенди чун қаноатмандии ба саломатии ҷисмонӣ ва оромии ақл вобаста мефаҳмид ва хайрхоҳию эҳсонкориро чун воситаи хушбахт шудан баррасӣ мекард. Бар хилофи Эпикур, Пйер Гассенди беохир будани оламҳоро инкор ва мавҷудияти Худои беҷисму абадияти рӯҳро эътироф мекард. Ба ақидаи ӯ атомҳо офаридаи Худо буданд. Шумораи атомҳо бо вуҷуди зиёд буданашон маҳдуд аст. Пйер Гассенди, асосан дар соҳаи физика дар бораи атомистика, гармо, акустика, оптика ва механика таҳқиқот кардааст. Пйер Гассенди тарғиботи оптикии атомистикаи мавҷудотро ба роҳ монда, фазои беинтиҳоии ҳаракати дохилии атомҳоро мушоҳида кард. Асосгузори назарияи рӯшноии корпускулавӣ буд. Пйер Гассенди нахустин шахсест, ки суръати садоро дар ҳаво муайян кард. Пйер Гассенди соли 1641 таҷрибаи нисбияти Галилейро исбот намуд. Пйер Гассенди муаллифи ҳолномаи Эпикур, Н. Коперник, Г. Браге, Пурбах, Региомонтан ва дигарон буд. Ақидаҳои Пйер Гассенди ба ҷаҳонбинии Р. Бойл, Малйер, Сирано де Бержерак таъсир гузоштаанд. Ба ифтихори Пйер Гассенди танӯрае дар тарафи намоёни Моҳ номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 2.0 2.1 Popkin R. H. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 Гассенди Пьер // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2012.
- ↑ Список профессоров Коллеж де Франс
Адабиёт
вироиш- Быховский Б. Э. Гассенди. М., 1974
- Зубов В. П. Пйер Гассенди Вопросы истории естествознания и техники. М., 1956.
Сарчашма
вироиш- Гассенди Пйер / Ф.Саидбекова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
.