Пйер-Огюсте́н Каро́н де Бомарше́ (фр. Pierre-Augustin Caron de Beaumarchais; 24 январ 1732[1][2][3][…], Порис[1][6][2][…]18 май 1799[2][4][5], Порис[2][6][4]) — драматурги фаронсавӣ.

Пйер де Бомарше
фр. Pierre-Augustin Caron de Beaumarchais
Таърихи таваллуд: 24 январ 1732(1732-01-24)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 май 1799(1799-05-18)[2][4][5] (67 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: мусиқидон, шоир, тоҷир, ношир, намоишноманавис, диплумот, сармоядор, публисист, arms trader, ҷосус, watchmaker
Забони осор: фаронсавӣ[8]
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома

вироиш

Фаъолияташ чун мусиқинавоз ва муаллими мусиқии духтарони шоҳ Людовики XV оғоз ёфтааст. Баъдан ба драманависӣ рӯй овард (драмаҳои нахустинаш — «Евгения» (1767), «Ду дӯст» (1770). Асари дигари Б. «Ёддоштҳо» (1774) иборат аз 4 памфлет мебошад, ки дар он усули коргузорӣ ва қазовати ноодилонаи додситонҳои замонашро бераҳмона мазаммат кардааст. Пйер де Бомарше дар ҷаҳон бо ду асари мазҳакавиаш — «Сартароши севилӣ» (1775) ва «Хонадоршавии Фигаро» (1784) машҳур гардидааст. Қаҳрамони асосии ин асарҳо хидматгори ҳушманду боғайрат, зираку доно мебошад. Тавассути ин қаҳрамон Пйер де Бомаршезиддиятҳои иҷтимоии давр, нобаробариро дар ҷомеа тасвир намудааст. Аз рӯйи ин ду асар операҳо офарида шудаанд, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешаванд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Бомаршэ, Пьер-Огюстен-Карон (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. IV. — С. 349—350.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 Нольман М. Л. Бомарше // Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
  3. 3.0 3.1 Риман Г. Бомарше (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 1. — С. 140.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  5. 5.0 5.1 Pierre-Augustin Caron de Beaumarchais (1732–1799) (ингл.)
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 Бомарше Пьер Огюстен Карон де // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  7. Biblioteca Virtual Miguel de Cervantes (исп.) — 1999.
  8. CONOR.Sl

Адабиёт

вироиш