Платон Воронко
Плато́н Мики́тович Воронко́ (1 декабри 1913, деҳаи Черветчина, губ. Харков, ҳозира ноҳияи Ахтири вилояти Сума — 10 августи 1988, Киев) — шоири украинӣ.
укр. Платон Микитович Воронько | |
Таърихи таваллуд: | 18 ноябр (1 декабр) 1913 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 10 август 1988 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | русӣ ва укройнӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Омӯзишгоҳи роҳсозии Харков (1933). Бо роҳхати КМ ВЛКСМ ба Тоҷикистон омад ва дар сохтмони Вахшу Хуҷанд кор кард. Дар ҳамин ҷо шеърҳои нахустинашро иншо кардааст. Солҳои 1938-41 дар Институти адабии Маскав ба номи М. Горкий таҳсил кард. Муаллифи маҷмӯаҳои «Субҳ ба хайр» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1951), «Аз Маскав то Карпат» (1951), «Қарз» (1955), «Обхезӣ» (1971) ва ғ. Ашъори Платон Воронко асосан ба ҷавонон, муборизаи партизанҳои украинӣ, мубориза барои сулҳ, дӯстии халқҳо бахшида шудаанд. Дар баъзе шеърҳои Платон Воронко — «Сабақ» (1974), достонҳои «Тасвири нотамом» (1970) ва ғ. аз шаҳру навоҳӣ ва деҳоти Тоҷикистон ёдоварӣ шудаанд. Мас., дар достони «Тасвири нотамом» аз шаҳри Хуҷанди солҳои 30 сухан рафтааст. Қаҳрамони асоси ин достон мӯйсафеде ба номи Раҳмат мебошад, ки расми В. И. Ленинро кашидааст. Платон Воронко дар бораи амалҳои қаҳрамонони асарҳои худ ниҳоят самимӣ ва некдилона сухан рондааст. Платон Воронко баъзе шеърҳои шоири тоҷик Мирсаид Миршакарро ба забони украинӣ тарҷума кардааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Воронко Платон Никитович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.