Ғано (низ Вогоду), Гана — давлати асримиёнагӣ (750—1076) дар Африқои Ғарбӣ.

Подшоҳии Ғано
тақрибан 100 — асри XII


Пойтахт Koumbi Saleh[d]
Забон(ҳо) Soninke[d]
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Сарчашмаҳо вироиш

Давлат дар болооби дарёҳои Сенегал ва Нигер таъсис ёфта, нахустин бор ҷуғрофиёнависони мусулмон ал-Фазорӣ ва ал-Бакрӣ дар бораи мавҷудияти Ғано маълумот додаанд.

Таърих вироиш

Дар ибтидо аксари сокинони давлати Ғано-ро халқияти сонинкиҳо ташкил дода, ба боварҳои қадимии суннатӣ эътиқод доштанд. Аз ҳудуди Ғано роҳи корвонгузари биёбони Саҳрои Кабир мегузашт, ки шимоли Африқоро бо соҳилҳои баҳри Миёназамин пайваст мекард. Новобаста ба мавҷудияти захираҳои фаровони тило, асоси иқтисодиёти давлати Ғаноро боҷҳои гумрукӣ ташкил медоданд. Пойтахти Ғано ш. Кумби Солеҳ маркази тило, устухони фил, намак ва ғуломон дар сари роҳи корвонгузар буд. Аз давраи ҳуҷуми арабҳо (734) барбарҳо ва арабҳо дар Ғано сокин шуда, тиҷорат ва идораи кишварро дар даст доштанд. Ба қавли ал-Бакрӣ арабҳо ва барбарҳо аксаран дар қисми ҳамвории пойтахти Ғано зиндагӣ карда, зиёда аз дувоздаҳ масҷид доштанд. Шуғли асосии сокинони Ғано заминдорӣ, чорводорӣ ва моҳигирӣ буд. Давраи авҷи шукуфоии давлати Ғано ба асрҳои 9-11 рост меомад, ки сонинкиҳо дар кишвар барбарҳоро аз ҳукумат маҳрум карда буданд. Давлати Ғано соли 1076 аз ҷониби ал-Моравидҳои ҳукмрони Марокаш ва Испания забт карда шуд. Бо тағйир ёфтани самти роҳи корвонгузар дар Африқои Ғарбӣ давлати Ғано таназзул ёфт. Аксари сокинони муқимии Ғано аз давраи истилои барбарҳо минтақаи сукунати худро тарк карда, баъдан ба давлати Мали асос гузоштанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш