Пойандоз
Пойандоз, фарш, бисот — порчаи матоъест, ки ҳамчун рамзи эҳтиром зери пойи арӯсу домод ё меҳмони олиқадр дар даромадгоҳи хона ё роҳрав мегустаранд.
Пойандоз, асосан, аз матоъи суфи сафед иборат мебошад. Баъзан барои эҳтироми домод ва меҳмонон ба болои он порае аз атлас ё матои дигари гаронбаҳоро паҳн мекунанд. Дар гузашта пойандозро аз карбос ё алоча тайёр мекарданд.
Арӯс ба пойандоз бо пойи рост қадам мегузорад. Навъи дигари пойандоз низ мавҷуд аст, ки онро аз махмал ё шоҳӣ тайёр мекунанд (қадаш 1 м, бараш 0,5 м). Ин пойандозро ба зери пойи арӯс, домод ё меҳмони олиқадр дар даромадгоҳи хона ё роҳрав мегустаранд. Онҳо аз болои пойандоз қадам зада, ба хона ворид мешаванд. Ин яке аз нишонаҳои эҳтироми соҳибони хона нисбат ба онҳо мебошад. Пойандозро пеш момодоя, бахшиву фолбинҳо низ ҳангоми ташкил кардани «бахшибонӣ», «париталбон», «момоталбон» ва «лашкарфурорӣ» барои истиқболи момо ва париҳои хаёлӣ дар назди дар ё атрофи суфра мегустарданд. Ин гуна пойандозҳо аз пахта ва суфи сафед иборат буданд. Баъди анҷоми маросим момодоя ё бахшӣ пойандозро ба хонааш мебурд. Пойандози ҷашни арӯсиро аз суфи сафед чанд қабат лӯлавор печонида тайёр мекунанд. Баъзан барои мустаҳкамтар шудан ба дохилаш чизи сахте мегузоранд. Ин навъи пойандозро дар рӯзи арӯсбарон, ҳангоми ба хонаи падарарӯс барои баровардани арӯс даромадани домод истифода мебаранд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Пойандоз // Н — Я. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-78-1.