Пол Мари́ Верле́н (фр. Paul Marie Verlaine; 30 март 1844[1][2][3][…], Метзс[d], Департаменти Мозел[5][6]8 январ 1896[1][2][3][…], Порис[5][6]) — шоири фаронсавӣ. Бо нашр шудани ду маҷмӯаи шеърҳои худ — «Манзумаҳои ғамангез» (1866) ва «Ҷашнҳои шӯрангез» (1869) дар байни мардум шуҳрат ёфт. Пол Верлен яке аз асосгузорони ҷараёни ашъори рамзӣ, муаллифи китобҳои «Достонҳои муштарӣ» (1966), «Суруди дилнишин» (1870), «Хирад» (1881), «Романҳои бекалом» (1874), «Дур ва наздик» (1884), «Ишқ» (1888), «Бахт» (1891), «Сурудҳо барои маҳбуба» (1891) ва ғ. мебошад. Вай ба оҳангу мазмуни шеър аҳаммияти бисёр медод. Забони шеъру достонҳояш равону оммафаҳм аст, сурудҳои ӯ хеле дилангез, дорои образҳои рамзӣ мебошанд. Мавзӯи асосии офаридаҳои Пол Верлен ишқу муҳаббат, гузашти айём, табиат, бахти инсон, зиндагии дӯстону наз дикон аст. Ба эҷодиёти Пол Верлен оҳангҳои рӯҳафтодагӣ хосанд. Ба забони тоҷикӣ шеърҳои «Шикаст», «Шеъре, ки аз барои он туҳматам мекунанд», «Чӣ мегӯӣ?», «Баҳрӣ», «Дилам оҳиста мегиряд», «Соати мулоқот», «Суруди тирамоҳӣ», «Паҳлавони қисмати ман» тарҷума ва нашр шудаанд.

Пол Верлен
фр. Paul Verlaine
Тахаллусҳо: Pauvre Lelian[4] ва Pablo de Herlagnèz[4]
Таърихи таваллуд: 30 март 1844(1844-03-30)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 8 январ 1896(1896-01-08)[1][2][3][…] (51 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, мақоланавис, нависанда, либреттонавис, тарҷумон
Солҳои эҷод: аз 1858
Жанр: шеъри ғиноӣ[d]
Забони осор: фаронсавӣ[1][4][7]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш