Портал:Техника
Техника Техника аз калимаи юнонии texvikoc гирифта шуда маънояш санъат, махорат, тавонои мебошад. Фахмиши техники, ин хама махсулотҳои техникиро дар бар мегирад, ки пеш вактхо дар табиат вучуд надоштанд ва онҳоро одамон барои ичрои хар гуна кору фаолият сохтаанд, ба мисли мошинхо, механизмхо, дастгоххо, тачхизотхо, асбобхо. Техникахо мешаванд истехсоли ва ғайри истехсоли. Ба техникаҳои ғайриистехсоли дохил мешаванд техникахое, ки дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тиб, корҳои харби, кайхоннаварди истифода мешаванд. Аз нуктаи назари идораи чараёнхо, техника дар соҳаҳои гуногун истифода мешавад мисли чараёнҳои технологи ва чараёнҳои саноати, кишоварзи, ченкуни, назорат ва идоракуни, боркашони, амалҳои чанги, омузиш, варзиш, истироҳат, фарогат ва бисёр дигар чараёнхо. Техника дар натичаи фаъолияти мухандиси коркард карда мешавад ва такмил меёбад. Конструксия ва тайёр кардану сохтани техника вобастаги дорад аз: сохти техники, талаботи фармоишгар ба хислати техники (истехсоли, кулай, каммасраф, бисёр хидмат карданаш), сифат, арзиш, технологияи тайёркуни, ин чунин аз имкониятҳои моли ва техникии истехсолкунанда. Вазифаҳои техника иборат аст аз: сохтани арзишҳои масолехи ва фарҳанги, истехсолот, табдилдихи ва интикол додани энергияҳои гуногун, чамъовари, коркард ва интиколи ахборот, сохтан ва истифодабарии василаҳои гуногуни харакат, дастгирии кобилияти мудофиави. Техника ба гурӯҳҳои истифодабарии: техникаи саноати, техникаи наклиёт ва рох, техникаи маиши, техникаи хисобкуни, техникаи сохтмони чудо мешавад. Техникаро боз ба гурӯҳҳои иловагии истехсоли, масалан, дастгоххо, асбобхо, маснуоти ченкуни ва ғайриистехсоли – техникаи маиши, наклиёти сабук, техника барои фарогат. Техникаи харби ба чараёни алохида дохил мешавад, ки хама дастгоху мошинхо, барои дастгирии кобилияти мудофиави ва гузаронидани амалҳои чанги дар хушки, дар укёнус, дар хаво ва кайхон истифода мешаванд.
Адабиёт: Большая Советская Энциклопедия