Президенти Белорус

Президенти (Раиси) Ҷумҳурии Белорус ( беларусӣ: Прэзідэнт Рэспублікі Беларусь ) сарвари давлат, кафили Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Белорус, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Вай дар муносибат бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз Белорус намояндагӣ мекунад.

Президенти Белорус

беларусӣ: Прэзідэнт Рэспублікі Беларусь
Ишғоли вазифа
Александр Лукашенко
Иқомати расмӣ Presidential Residence[d]
Пайдошавии вазифа 1994
Сайт president.gov.by

Шаҳрванди Белорус, ки аз рӯи таваллуд, на камтар аз 35 сола, ҳуқуқи овоздиҳӣ дорад ва бевосита то интихобот дар Белорус ба таври доимӣ на камтар аз 10 сол зиндагӣ кардааст, метавонад президент интихоб шавад.

Президенти Белорус расман ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад.

Тибқи Конститутсияи (Қонуни асосии) Белорус, узвияти Президент дар ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ҳадафҳои сиёсиро дунбол мекунанд, барои тамоми давраи ваколат боздошт шудааст.

Президент ҳар вақт метавонад истеъфо диҳад. Истеъфои президентро Палатаи намояндагон қабул мекунад [1].

Муҳлатҳои ваколати президентӣ

вироиш
Президенти Ҷумҳурии Беларус ( беларусӣ: Прэзідэнт Рэспублікі Беларусь )
Мӯҳлат Президент Натиҷа Акс Президент [2][3][4][5][6][7] Давомнокии ҳукмронӣ
Оғоз Анҷом
1 1 Александр Лукашенко

( таваллуд 1954)

44,82% (давраи 1)



</br> 80,34% (давраи 2)
 
20 июли соли 1994 20 сентябри соли 2001 2619 рӯз
2 75,65% 20 сентябри соли 2001 8 апрели 2006 1661 рӯз
3 82,97% 8 апрели 2006 21 январи соли 2011 1749 рӯз
4 79,65% 21 январи соли 2011 6 ноябри соли 2015 1750 рӯз
5 83,47% 6 ноябри соли 2015 23 сентябри соли 2020 1783 рӯз
6 80,10% 23 сентябри соли 2020 Президенти кунунӣ 406 рӯз
Давомнокии умумии ҳукмронӣ 27 солу 3 моҳу 14 рӯз

Қароргоҳҳо

вироиш

Навтарин қароргоҳ — Қасри истиқлол дар хиёбони Победителей мебошад. Президент ҳар рӯз ба он ҷо ба кор меояд. Қароргоҳи кӯҳнаи корӣ - "Хонаи Сурх" дар маркази Минск.

Пайвандҳо

вироиш