Пешкор (форсӣ: پیشکار[1]), прокси-сервер (аз англ. proxy — «намоянда»), сервер-миёнарав — барномаи воситаии байни корбари дохилии шабака ва интернет аст, ки қобилиятҳои фаровоне дар ростои ҳифзи амният, назорати мудириятӣ, контроли корбарон ва сервисҳои захирасозӣ дорад. Прокси-сервер имкони эҷоди филтрҳои хосро барои амнияти бештар дар шабака фароҳам мекунад, қобилияти захирасозӣ, суръати дастёбӣ ба иттилоотро боло мебарад. Бо системҳои тасдиқи ҳувият ва тағйири ҳувият, зомини амният дар шабакаи дохилии созмон аст ва низ имкони сабти гузориши комили коркардашро дорад. Ҳамчунин қобилияти масдуд кардани муҳтавиёти осебрасон ва баррасии табаият аз қавонини барқароршуда дар шабакаро доро мебошад. Прокси-сервер имкони истифода аз аксар протоколҳои маҳаллиро фароҳам меовард ва имкони рамз кардани додаҳоро низ дорад. Проксиҳо анвоъи мухталифе доранд, ки ҳар як кори хоссеро анҷом медиҳад, ки аз он ҷумла метавон FTP, HTTP, SMTP ва DNS-ро ном бурд.

Намунае аз наҳваи амалкарди прокси, ки дар он роёнае корсози прокси байни ду роёнаи дигар нақши корсози проксиро ифо мекунад.
  1. معنی پیشکار | واژه‌های مصوّب فرهنگستان. www.vajehyab.com. 11 май 2019 санҷида шуд.