Пудрати оилавӣ - як шакли ташкили меҳнат ва музди кор дар хоҷагии қишлоқ буда, ба натиҷаҳои ниҳони кор алоқаманд мебошад. Пудрати оилавӣ дар асоси шартномаи иҷора, ки ба сифати тарафҳои он оила ва хоҷагӣ баромад менамоянд, таъсис дода мешавад. Оилае, ки дар чунин муносибат шомил мегардад, як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳоро соҳиб мегардад. Доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо бо шартнома маҳдуд карда мешаванд. Мувофиқи ин шартнома оилаи иҷорагир уҳдадор аст, ки маҳсулоти муайянро истеҳсол намуда, ба хоҷагӣ ва ё бо нишондоди хоҷагӣ ба дигар корхона ва шаҳрванд диҳад.[1]

Нигаред низ

вироиш

Пудрати коллективӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 387