Пулпит (лот. Pulpitis; лот. pulpa – лаҳм), газаки мағз (пулпа)-и дандон; дар натиҷаи кариеси дандон, инчунин осеби рагҳое, ки дандонро бо хун таъмин мекунанд, паридани сир, луч шудани мағз ва шикастани дандон пайдо мешавад.

Пулпит, одатан, бемории шадид аст. Дарди он хусусан шабонгоҳ худ аз худ (сарфи назар аз ҳоидани хӯрок ва таъсири ғизои гарму сард) авҷ мегирад. Баъзан дард хело тоқатфарсо гашта, аз таъсири он пушти сар, гӯш, чака, дандонҳои ҳамшафат низ дард мекунанд. Газаки пулпаи дандон ва варами бофтаҳои он, ки дар ҷавфи дандон паҳн шуда, ба бофтаҳои сахт ва асаби пулпа фишор меорад, сабаби дарди тоқатфарсо мегардад.

Одатан, дар натиҷаи газак гирифтан, мағзи дандон нобуд шуда, дард тадриҷан қатъ мегардад, вале баъд аз чанд вақт (ин муҳлат хеле гуногун аст) микроорганизмҳои пулпаи нобудшуда ба тавассути канали дандон ба решаи он гузашта, боиси периодонтит мегарданд.

Азбаски дандонҳои тифлӣ ва доимии кӯдак хеле зуд мепӯсанд, мағзи дандони онҳо газак гирифта, мадда мекунад. Решаи дандони кӯдакон нағз инкишоф наёфтааст, бинобар ин, бофтаҳои атрофи он низ газак мегиранд. Ин боиси нобуд шудани решаи дандони доимии кӯдак мегардад. Беморро духтури дандон муолиҷа мекунад. Агар ҳангоми дард кардани мағзи дандон дарҳол ба духтур муроҷиат карда натавонед (мас., шабона), он гоҳ доруи аналгин хӯред; баъзан оби хунук низ дардро суст мекунад. Ҳангоми сахт дард кардани дандон ба ковокии он чанд чакра маҳлули гарми 2-фоизаи амидопирин (пирамидон) чаконед. Ин дору ба луобпардаи даҳон зарар надорад, вале таъсири он хеле зудгузар аст. Бинобар ин, ба паст шудани шиддати дард нигоҳ накарда, ҳар чи зудтар ба духтур муроҷиат намоед. Барои пешгирии Пулпит дандони иллатёфтаро сари вақт табобат кунед. Соле камаш ду маротиба барои муоина ба назди духтури дандон равед. Волидайн ҳангоми дард кардани дандони кӯдак бепарвоӣ накарда, ӯро ҳатман бояд ба назди духтур баранд[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Энскилопедияи Донишгоҳи Давлтатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/p/pulpit/19-1-0-2048(пайванди дастнорас)