Пулсоксиметр
Пулсоксиметр (англ. pulse oximeter) — дастгоҳи тиббӣ мебошад, ки бо тариқи ғайриинвазивӣ сатҳи ғанигардонии хуни капилляриро бо оксиген чен мекунад.
Фарзияи муосири пулсоксиметр аз ҷониби Такуо Аояги дар 1974 сол барои ширкати ҷопонии Nihon Kohde таҳия шуда буд.[1]
Мазмуни амал
вироишПулсоксиметр дастгоҳи қулайи ченкунии ғайринвазивӣ мебошад, он фоизи хунеро, ки дар таркибан оксиген дорад, нишон медиҳад. Ба таври мушаххас, он таркиби фоизии гемоглобини шараёниро дар таркиби оксиземоглобин (сафедаи хуне, ки оксигенро интиқол медиҳад) нишон медиҳад. Одатан доираи қобили қабул барои бемороне, ки бемориҳои шуш надоранд, аз 95 то 99 фоизро нишон медиҳад.
Дар пулсоксиметри муқаррарӣ микропросессор бо ҷуфти диодҳои чароғдори начандон калон (LED) истифода мешавад, ки ба фотодиоде, ки импулс равон мекунад, мутамарказ шудаанд. Одатан, дастгоҳ дар мавзее, ки дар он ҷо гардиши хуни сатҳӣ дида мешавад, ба монанди ангушти даст ё баногӯш истифода мешавад. Як диоди чароғӣ дарозии мавҷи 660 нм (сурх), дигараш - 940 нм (инфрасурх) дорад.[2][3]
Фурӯбарии равшанӣ дар ин мавҷҳо барои хуне, ки дар таркибаш оксиген зиёд аст ва хуни оксигенаш кам хеле фарқияти калон дорад[4]:
- Гемоглобини оксидшуда нурҳои инфрасурхро зиёдтар фурӯ мебарад ва равшании сурхро бештар - 940 нм мегузаронад.
- Гемоглобини деоксигеншуда равшании сурхро бештар фурӯ мебарад ва нурҳои инфрасурхро бештар - 660 нм мегузаронад.
Маҳдудият
вироиш- Пулсоксиметр имкон намедиҳад муқаррар карда шавад, ки гемоглобин бо кадом молекула робита дорад, бинобар ин онро ҳангоми заҳролудшавӣ бо гази карбон истифода кардан мумкин нест;[5]
- Ба дурустии ченкунӣ гипотония, ҳарорати пасти бадан, фаъолнокии ҷисмонӣ таъсир мерасонад;[6]
- Кабуди метиленӣ метавонад натиҷаҳоро таҳриф кунад ва нишондиҳандаҳои пастро нишон диҳад;[7]
- Локи сиёҳ, кабуд ва сабз барои нохунҳо ба дарозии мавҷи дастгоҳ таъсир мерасонад.[8]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Takuo Aoyagi, Inventor of the Pulse Oximeter, Dies at Age 84. spectrum.ieee.org. 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Principles of pulse oximetry. frca.co.uk. 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2015.
- ↑ Принцип работы пульсоксиметра. choicemmed.ru. 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Principles of Pulse Oximetry Technology. oximetry.org. 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 марти 2015.
- ↑ Pulse oximetry in severe carbon monoxide poisoning. pubmed.ncbi.nlm.nih.gov. 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ The correct use of pulse oximetry in measuring oxygen status. nursingtimes.net. 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Пульсоксиметрия. cyberleninka.ru. 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ The effect of nail polish on pulse oximetry. pubmed.ncbi.nlm.nih.gov. 12 ноябри 2021 санҷида шуд.